Масъулон, овози маро кӣ дуздид?
Нилуфари Карим, хабарнигори “Озодагон” бегоҳи 6-уми ноябр, рӯзи интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои овоздиҳӣ ба қитъаи овоздиҳии рақами 25-и ноҳияи Шоҳмансур ҳозир шуд, вале дарёфтааст, ки ба ҷои ӯ аллакай овоз додаанд.
Нилуфари Карим мегӯяд, “расо соати 19-40 дақиқа барои овоздиҳӣ ба нуқтаи овоздиҳии № 25 дар маҳаллаи Мирзобеки Душанбе, ки дар он сабти ном шудаам, ворид гардидам. Дар қитъа маро муаллимаи мактабе, ки 8 сол он ҷо таҳсил намуда будам, ҳамроҳ бо раиси маҳалламон “худатро интизор будем” гӯён пешвоз гирифтанд. Аммо маълум шуд, ки дар асл онҳо маро интизор набудаанд, чун дидам, ки ба ҷои ман аллакай овоз додаанд ва имзо гузоштаанд.
Муаллимаам дарҳол гуфт, худатро ғам надеҳ падарат саҳар омада, ба ҷои ту ҳам овоз дода буд. Ман дар ҳузурашон бо падарам телефонӣ суҳбат намудам, вале ӯ ба ҷои ман овоз доданро рад намуд.
Ин ҳолро дида, раиси маҳалла пурсид, “соат чанд аст, ки шумо ба овоздиҳӣ омадед?” Дар посух муаллими ҷавоне луқма партофт, ки “ баъзеҳо махсусан дер меоянд, то бубинанд ба ҷои онҳо ягон нафар овоз додааст ё не?” Вале банда аз он гурӯҳ нестам ва чунин ният ҳам надоштам. Чун аз соати 6-и субҳ то бегоҳ ба инъикоси раванди интихобот машғул будам, танҳо бегоҳ даст ёфтам, то ба овоздиҳӣ равам. Чун муътақид будам ҳар тоҷикистонӣ бояд новобаста аз мақому манзалат ва вазифа бояд масъулияти хешро аз рӯи инсоф ва виҷдон адо намуда, дар интихоби як раҳбар, ки 7 соли оянда тақдири миллату давлати точикро ба зимма мегирад, саҳм гузорад. Аммо тавре бармеояд, иштироки на ҳама дар ин маърака муҳим аст, чун дар нуқтаҳои овоздиҳӣ ҳастанд, нафароне, ки ба ҷои мо овоз медиҳанд.
Масалан дар нуқтаи овоздиҳии рақами 25 вақте дарёфтем, ки ба ҷои ман имзо гузоштаанд, муаллимон ва мудири мактаб аввал мегуфтанд, ки падарат ва баъдан таъкид карданд, ки амакбачаат ба ҷои ту овоз додааст.
Дар ҳоле, ки хуб медонанд, ҳар шаҳрванд бояд худаш овоз диҳад ва каси дигар ҳақ надорад, ба ҷои нафари дигар овоз диҳад. Хуллас дар охир дар муроҷиат ба масъулини қитъаи овоздиҳӣ гуфтам, имрӯз ҳуқуқи маро поймол кардед, аммо онҳо гӯиё ин чизи муқаррарӣ бошад, вокунише нишон надоданд. Ба ҷои ман овоз додаанд ва фарзан медонам, ки ба тарафдории кӣ овози маро додаанд. Аммо маро касе напурсид, ки оё розӣ ҳастам ё на?”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |