Натоиҷи аввалияи интихоботи президентӣ эълон мешавад
То эълони натиҷаҳои аввалияи интихоботи презилентӣ дар Тоҷикистон соати ба шумор мондааст.
Шаҳрвандони дорои ҳаққи раъй имкон доштанд, то соати 20:00-и рӯзи шашуми ноябр дар интихобот ширкат ва ба номзади мавриди назарашон овоз диҳанд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳанӯз соати 14:00-и дирӯз интихоботро баргузоршуда хонд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари ин ниҳод гуфт, беш аз 2 миллиону 862 ҳазор нафар дар интихобот иштирок кардаанд, ки 68 дарсади афроди қобили раъйро ташкил медиҳад. Бар асоси қонуни интихобот вақте аз нисф зиёди интихобкунандаҳо ба овоздиҳӣ меоянд, интихобот баргузоршуда ҳисоб меёбад.
Дар соати 18:00, ду соат қабл аз анҷоми овоздиҳӣ масъулини КМИРТ ин рақамро 80,3 фисад эълон карданд. Дар маҷмуъ, ба омори КМИРТ афроди қобили раъй 4 миллиону 34 ҳазор будаанд.
Дар интихобот 6 номзад барои дарёфти курсии президентӣ талош карданд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, Исмоил Талбаков, номзади коммунистҳо, Олимҷон Бобоев, номзади ислоҳоти иқтисодӣ ва Абдуҳалим Ғаффоров, номзади состиалистҳо, Саидҷаъфар Исмонов, номзади ҳизби демократ ва Толиббек Бухориев, номзади аграриҳо.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |