Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳукуматро дар асоси Сарқонун номид
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мардуми кишварро бо Рӯзи 19-умин солгарди нахустин Сарқонун ё худ Конститутсияи мардуми тоҷик табрик кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикотии хеш Сарқонунро шоҳсутун ва бахтномаи давлатии кишвар ва давлатдории миллии тоҷикон хонда, ин рӯзро барои ҳар як фарди тоҷик рӯйдоди воқеан таърихӣ ва тақдирсоз донистааст.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Ҳар қадар солҳо моро аз давраи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дур мебаранд, ҳамон қадар аҳамияту зарурати мавҷудияти он дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтар касб менамояд.”
Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҳукумати кишвар ҳамзамон бо қабул гардидани Сарқонун фаъолияти худро бар асоси он ба роҳ монда, дар пешрафту рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон даст ба иқдомҳои зарурӣ задааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома афзудааст, ки Сарқонуни Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар озодиҳои сиёсӣ, аз ҷумла озодии сухан, гуногунандешӣ, дар доираи қонун таъсис додани аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳо ва созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, ба таври озод истифода намудан аз воситаҳои ахбори омма ва воситаҳои нави технологияи иттилоотиву коммуникатсионро кафолат медиҳад. Дар охир раисиҷумҳури Тоҷикистон мардуми тоҷикро ба тарғибу ташвиқ ва омӯзиши Сарқонуни кишвар даъват кардааст: “Яке аз муҳимтарин вазифаҳо ин омӯзиш, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Конститутсия ва қонунҳои дигари дар мамлакат қабулгардида мебошад.”
Маврид ба зикр аст, ки Конститутсияи Тоҷикистон соли 1994 қабул шуда, ду маротиба ба он тағиру иловаҳо ворид шудааст. Гуфта мешавад, ба хотири таҷлил аз 19-умин солгарди Сарқонун дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор хоҳанд шуд. Бояд гуфт, имрӯз, 6-уми ноябр дар баробари интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон, аз Рӯзи Сарқонун ҳам ҷашн мегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |