Дар назди дастгоҳи иҷроияи президент ахиран боз ду ниҳод таъсис ёфт. Дар ин бора рӯзи 1-уми август фармони райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Тибқи иттиллои хадамоти матбуотии президент мутобиқ бо амри райисҷумҳур муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
Зимнан, бо фармони президент Салимов Носир Юсупович, ки қаблан дар вазифаи ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон кор мекард, директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин карда шуд. Шарипов Абдувалӣ Қурбоналиевич, ки пештар ба ҳайси сарвари осорхонаи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод фаъолият дошт, директори муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» таъин гардид.
Бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёев Хуршедҷон Махшулович, ки дар вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон таъин карда шуд. {jathumbnail off}
Мӯҳр