Бахшҳо

1 савол, 7 ҷавоб: Сарқонуни Тоҷикистон ба тағйирот ниёз дорад?

"Озодагон" дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Сарқонуни Тоҷикистон аз чанд соҳибназар пурсид, ки "Сарқонуни Тоҷикистон ба тағйирот ниёз дорад?"

Исмоил Талбаков, номзад ба вазифаи президентӣ аз ҲКТ

-Чизҳое, ки санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҳастанд, вобаста ба раванди ҷомеа албатта такмил мехоњанд ва агар зарур шавад ба он ислоҳот ворид мекунанд. Ин ягон догма нест.

Абдуллоҳ Нуров, мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи кумитаи иҷроияи марказии ҲҲДТ

-Конститутсия қонуни асосии давлат асту дар вақти муаян қабул мешавад ва бо мурури замон ба он тағиру иловаҳо ворид мегардад. Ба хотири онки муносибатҳои ҷамъиятӣ рушд мекунанд ва таҳким бахшидани асосҳои сохти давлатӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳамин ворид намудани тағиру иловаҳоро тақозо мекунад. Конститутсияе, ки имрӯз дар Тоҷикистон амал мекунад, ҷавобгӯи талабот мебошад. Вале хоҳ нохоҳ вақте низоми ҳуқуқӣ мукаммал мешаваду муносибатҳои нави ҷамъиятӣ пайдо мешавад, зарурати ворид намудани тағиру иловаҳоро дар ин ё он шакл бавуҷуд меорад. Феълан зарурати ворид кардани тағирот дар конститутсияи Тоҷикистон дида намешавад. Вале чун муносибатҳои ҷамъиятӣ дигар мешаванд, шояд ворид намудани тағирот баъди 2 сол ба вуҷуд ояд.

Маҳдии Собир, корманди МТС

-Сарқонуни мо ба ислоҳот ниёз дорад. Манзурам он тағиротҳоест, ки барои манфиат ва сохтани миллат, барои пешбурди ҷомеа ва барои ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳим аст. Вобаста ба тараққиёти ҷомеа ба қонунҳо бояд тағиру иловаҳо ворид карда шавад.

Абдулфаттоҳ Шафиев, журналист

-Сарқонунро намедонам. Вале менталитети ин мардум ба тағйиру иловаҳо ниёз дорад.
Яке аз муҳимтаринҳо ҳам тағйири нигоҳи ҳама - чӣ мардуми одӣ ва чӣ зимомдорон ба баробарии ҳама дар назди қонун мебошад. Мутаассифона, то ҳол мебинем, ки ҳатто қишрҳои одитарини ҷомеа низ бархӯрди дугонаи иҷрогарони қонун ба афроди мухталифро амале одӣ ва маъмулӣ мешуморанд ва ба ҳамин гуна буданаш ҳам одат кардаанд. Бояд мардум дарк кунад, ки давлат ва давлатдорон хидматгори мардуманд ва барои ин хидматашон аз кисаи мардум (андозҳо) ҳаққи хидмат (маош) мегиранд. Ва агар давлатдоре бо маоши 500 сомонӣ дар Лексус мегардад, пас ин амре номақбул ва боиси ҷустуҷӯст, на шоистаи таҳсину ҳавас.

Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумон

-Ин як масъалаи бисёр мураккаб аст. Аз ин рӯ яку якбора ба ин савол ҷавоб додан душвор мебошад. Агар гӯем, ки дорад пас кадомаш? Барои ин таҳили ҷиддӣ лозим аст. Ҳастанд баъзе масоиле, ки дар асоси онҳо сухан гуфтан мумкин аст, вале то кадом андоза мо барои ислоҳоти конститутсионӣ имконият дорем, ин саволи дигар аст.

Ашурбой Имомов, собиқ раиси Кумитаи назорати конситутсионии Тоҷикистон

-Конститутсияи мо ба тағиру иловаҳо ниёз дорад, аммо инки дар кадом масъалаҳо, инро аввал бояд муҳокима кард.

Ҷамшед Қодиров, шаҳрванди Тоҷикистон

-Фикр мекунам, ки ниёз дорад. Нуктае ки бозбинӣ бояд шавад, ба назари ман, давраҳои раёсати як нафар аст. Ду давраи охири ҳафтсолаи Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки мо бояд мисли аксари кишварҳои дигар бо ду давраи 4 ё 5-сола иктифо кунем. Вале на ба ин маъно, ки ин тағйирот ба Эмомалӣ Раҳмон баъди соли 2020 ҳаққи боз ду давраи дигари панҷсола ё чорсолаи раёсат диҳад.


Мӯҳр
Шумо интихобкунандагон доир ба тагирот ба конститутсия хатто фикр хам накунед. Шумо хеч касе нестед соли 2015 тагирот ворид мешавад конститусия Элбаси мешавад

шахрванд
Вакте назари намояндагони хукуматро мехони ба ин натичиа мераси ки то вакте инхо дар сари кудратанд сарконун иваз намешавад ва ин сарконун факат ба нафъи ххдт кор мекунаду ба фоидаи кормандони хукумат. Аммо бояд гуфт ин саркоунун вакте тагйир меёбад ки кишвар демократи шавад ва мардум озод бошанд ва парлумон намояндагони аслии мардумро дошта бошад на шахсоне мисли Ватановро ки корашон факат дуруги хукуматро рост кардан аст на расондани доди мардум ва ичрои талаботи мардум.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)