Тайи чанд рӯзи ахир шумори нақлиёти мусофиркашонӣ дар қаламрави шаҳри Хуҷанд бамаротиб коҳиш ёфтааст.
Сокинони минтақа бо ин далел наметавонанд, ба ҷойи зарурӣ дар вақти муайян расанд, гузашта аз ин мусофирон соатҳои тӯлонӣ дар истгоҳҳо интизори микроавтобусҳо мешаванд. Сабаби ин вазъро дар шимоли Тоҷикистон ҳаргуна шарҳ медиҳанд, баъзеҳо мегӯянд, болоравии нархи сӯзишворӣ теъдоде аз ронандаҳои нақлиёти мусофирбарро нигарон карда, онҳо тарки пешаи худ кардаанд.
Аммо Абдуҷалил Бобоҷонов, як масъули Ассотсиатсияи нақлиёти мусофирбарии вилоят ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ба дунболи сафари ҳайати баландмақоми ҳукумати марказӣ ба Суғд, ҳоло теъдоде аз нақлиёти мусофирбарӣ ба кашонидани онҳо равона карда шудаанд. Ба иттилоъи манбаъ, баъд аз чанд рӯзи дигар ин нақлиётҳо боз барои кашонидани мусофирон машғул ҳоҳанд шуд.
Гуфтанист, дар нимаи моҳи равон боздиди райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо манзури ошноӣ бо вазъи иншооти бунёдшаванда дар вилояти Суғд дар назар аст. {jathumbnail off}
Мӯҳр