Барканории бархе аз масъулони Идораи пулиси Исфара дар пайи қазияи Тоҷиев
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи таҳқиқи қазияи Умедҷон Тоҷиев, сокини ҷамоати Чоркӯҳ ва узви ҲНИТ, чанде аз масъулони Идораи пулиси Исфараро аз мақомашон барканор ва ба чандеи дигар огоҳӣ додааст. Ин таҳқиқ “санҷиши хизматӣ” унвон дошта, бо дастури Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ анҷом пазируфт.
Мақомот мегӯянд, бемасъулияти ин афрод сабаб шудааст, ки Тоҷиев худро аз тирезаи Шӯъбаи корҳои дохилӣ ба зер афканда ва маҷруҳ кунад. “Ба ҳамаи сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи роҳ надодан ба чунин камбудҳо супоришҳои қатъӣ дода шудааст”,-гуфт манбаи мо.
Дар ҳамин ҳол Баҳрихон Исоева, вакили мудофеи Тоҷиев, ҳам дар суҳбат ба хабарнигори “Ҳақиқати Суғд” гуфтааст, воқеан зерҳимояаш иқрор шудааст, ки нияти фирорро дошт. Ба иттилои манбаъ гумонбаршуда баъди анҷоми пурсиши муфаттиш бо мақсади фирор намудан аз ошёнаи сеюми бинои Шуъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ба поён меҷаҳад, ки дар натиҷа пойи чапи ӯ ҷароҳат бардошта, дасташ низ каме харошида шудааст. Вакили дифои Тоҷиев аз қавли зерҳимояаш гуфтааст, аз ҷониби ягон корманди мақомот зӯроварӣ надидаасту танҳо мақсади гурехтанро дошт ва аз касе гиламанд несту нафареро айбдор намешуморад.
Мақомот мегӯянд, гумонбаршуда баъд аз расонидани ёрии тиббӣ, бо қарори суд дар бораи ба ҳабс гирифтан, дар муассисаи тафтишотӣ қарор дошта, тафтишоти пешакӣ алайҳи ӯ идома дорад.
Умедҷон Тоҷиев рӯзи 30 октябр аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда ва бо қарори додгоҳи Исфара ба 10 рӯзи зиндон маҳкум гардид. Аммо рӯзи 2 ноябр ӯро бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон оварданд. Мақомот гуфтанд, Умедҷон Тоиев, увзи Ҳизби Наҳзати Исломӣ, худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |