Писари Алим Шерзамонов: "Дигар ба Ватан барнамегардам"
Аслиддин Шерзамонов, писари Алим Шерзамонов -- раҳбари дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар Бадахшон мегӯяд, дигар хоҳиши баргаштан ба Ватанро надорад.
Шерзамонови хурдӣ ҳафтаи гузашта ҳангоми сафараш ба Қирғизистон бо дархости Кумитаи амнияти миллии кишвар мавриди боздошт ва бозҷӯӣ қарор гирифта буд. Ӯ гуфт, ҳанӯз далели боздошташ аз сӯи марзбонони тоҷик дар гузаргоҳи марзии Қизил-Арт норавшан мебошад ва аз ин рӯ, майли баргашт ба Тоҷикистонро надорад.
Тавре худи писари ин сиёсатмадори тоҷик, ки донишҷӯи факултаи иқтисодии яке аз донишгоҳҳои Маскав мебошад, дар суҳбат бо “Озодагон” қисса кард, дар ин нуқтаи марзии кишвар алакай ӯро дербоз марзбонон “мунтазир” будаанд. “Мо ба гузаргоҳи марзӣ расидему ронанда шиносномаҳоро гирифта дохили бинои ба қайдгирӣ шуд, вале баъд аз чанд лаҳза ба ҷои ӯ нозири калони гузаргоҳ берун гардида, номи маро гирифту хоҳиш кард, аз мошин бароям. Сипас номи падар ва насабамро пурсиду ба ронанда гуфт, Шерзамонов бо мо мемонад, чизҳояшро аз мошин фарор”,-мегӯяд мусоҳиби мо.
Ба гуфтаи ӯ, марзбонони тоҷик ба Шерзамонов рӯйхатеро нишон додаанд, ки дар он маълумоти муфассал дар борааш қайд шудааст. Шерзамонов мегӯяд, марзбонони тоҷик бидуни шарҳу овардани далели боздошташ гуфтаанд, ҳоло кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар роҳ буда, ӯро ба Мурғоб хоҳанд бурд. Ба қавли ӯ, то омадани кормандони амнияти миллӣ марзбонони тоҷик аз ӯ дар бораи нооромиҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ ва сабабҳои аслии ба миён омадани ин ҳодиса пурсидаанд. Вале Шерзамонов мегӯяд, дар посух ба суоли онҳо гуфтааст, “тӯли се соли охир дар шаҳри Маскав будаму аз ҷузъиёти ҳаводиси мазкур бехабарам.”
Аслиддин Шерзамонов дар охир илова кард, бо гузашти чаҳор соат раҳбари ин гузаргоҳ мисли бори аввал дубора бо кадом як нафаре тамос гирифта, ба Шерзамонов гуфтааст, озодӣ, метавонӣ, равӣ!
Аслиддин Шерзамонов рӯзи 30 октябр дар гузаргоҳи марзии Қизил-Арт, миёни ноҳияи Мурғоб ва Қирғизистон, бо дархости Кумити амнияти миллӣ боздошт шудааст, ки ӯ бо нияти сафар ба Русия, аз Хоруғ ба шаҳри Ӯш рафтанӣ буд. Падари ин донишҷӯи тоҷик, раиси дафтари ҲСДТ дар Бадахшон баъд аз боздошт ва раҳоии писараш дар саҳифаи фейсбукии худ ин иқдоми марзбонони тоҷикро ба ҳаводиси Хоруғ ва фаъолиятҳои сиёсияш марбут донист. Ӯ илова намуда буд, ки мақомот телефонҳои ӯву наздиконашро гӯш мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |