Дар 6 моҳи ахир нархи маҳсулот ва хизматрасониҳо дар маҷмӯъ то 7 фоиз боло рафта, танҳо нархи орд ба 10,5 дар сад баланд шудааст. Дар ҳамин ҳол ҳама сола аз афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳисобот дода мешавад, вале бо вуҷуди зиёд шудани молу маҳсулот нархҳо ба ҷойи паст шудан баръакс боло мераванд.
Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон чунин мешуморад, ки нархҳо дар ҳамон ҳолат паст мешаванд, ки истеҳсоли молҳо бо хароҷоти андак ва ҳосилнокии бештар ба роҳ монда шавад, ки аз хароҷоти дигар давлатҳо камтар бошад. Боло рафтани нархи маҳсулот аз ҳисоби болоравии қимати сӯзишворӣ аст. Дар мо қувваи корӣ нисбатан арзон, нерӯи барқ низ арзон, аммо технологияи муосир нест, самаранокии истеҳсолот паст аст, мегӯяд вазир.
Аммо дар ҳамин ҳол ба андешаи коршиносон нархи гандуму орд мис
ли сӯзишворӣ мудом рӯ ба афзоиш аст. Фирӯз Саидов, коршиноси масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, дар ҷаҳон ва Тоҷикистон маҳсулоти асосие, ки аҳолӣ ба он бештар ниёз пайдо мекунанд, гандуму сӯзишворӣ ба шумор меравад. Дар тамоми ҷаҳон ҳоло нархи гандум ва сӯзишворӣ рӯ ба афзоиш аст, зеро дар баъзе кишварҳо аз сабаби набудани газу нефт аз ғалладона ҳам сӯзишворӣ истеҳсол мекунанд. Истеҳсоли сӯзишворӣ аз ғалла ба болоравии қимати гандум ва маҳсулоти ғизоӣ оварда мерасонад. Инчунин ғалладона хӯроки парранда ва чорво ҳам ҳаст, ки дар натиҷаи талаботи зиёд аз рӯи қонуни иқтисод нархи он боло меравад, мегӯяд ӯ.
Ҳарчанд, ки аз рўи омори расмӣ нархи орд 10 дар сад боло рафта бошад ҳам, воқеияти бозор ин гуфтаҳоро зери суол мебарад. Зеро соли гузашта нархи як халта орд 80-85 сомонӣ буд ва ҳоло нархи он ба 150-160 сомонӣ расидааст. Агар аз рўи ин рақам ҳисоб кунем, дар як сол нархи орд 50 дар сад боло рафтааст.
Нон ва мо
Боло рафтани нархи орд дар ҳолест, ки соли ҷорӣ гандум дар
ҳудуди 20 ҳазор гектар нисбат ба соли гузашта камтар кишт карда шудааст. Ба иттилои масъулини Вазорати кишоварзӣ дар баробари кам кардани майдони кишти гандум, кишти пахта ба 40 ҳазор га зиёд карда шудааст. Зеро соли гузашта нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ боло рафтааст ва тасмим чунин шудааст, ки кишти пахта зиёд карда шавад.
Дар маҷмӯъ дар майдони 285 ҳазору 948 гектар кишти ғалла, аз он ҷумла дар майдони 223 ҳазору 686 га кишти гандум гузаронида шудааст, ки то 18 июли 2011 деҳқонон аз майдони 145266 га (64%) гандум даравида, 316021 тон ҳосили гандум ба даст овардаанд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар га 23 сентнерӣ будааст. Вале соли 2010 дар майдони 333 ҳазор гектар ғалладона кишт шудааст, ки аз он 242,2 ҳазорашро майдони кишти гандум ташкил медодааст. Ҳосили ғалладонаи соли 2010 як млн. 261,3 ҳазор тон будааст, ки аз он 911 ҳазору 821 тонро гандум ташкил медодааст. Соли ҷорӣ ҳанӯз ҳудуди 320 ҳазор тон ҳосили гандум ба даст омадааст. Тибқи омори расмӣ дар соли 2010 шумораи аҳолии кишвар ба 7 миллиону 616 ҳазор нафар баробар шудааст ва талаботи мардум ба орд дар як сол ба 1 млн. 80 ҳазор тон ва ба гандум 1 млн. 430 ҳазор тонро ташкил медодааст. Барои ба даст овардани амнияти озуқаворӣ зарур аст, ки аз рӯи меъёри созмони байналмиллалии тандурустӣ бо иловаи 20 фоизи захираҳои давлатӣ бар сари ҳар як шаҳрванд дар як сол 183 кило гандум истеҳсол карда шавад. Аммо азбаски мардуми Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон нонро аз ҳама бештар тановул мекардаанд, талабот ба орду гандум бештар будааст.
Маҳдудият ба хотири чӣ?
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон сиёсати иқтисоди бозаргониро пеш гирифтааст ва дар содироту воридоти маҳсулот, ба хусус ғалла монеае вуҷуд надорад. Деҳқонон ва соҳибкорон метавонанд озод маҳсулоти худро дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ ба фурӯш гузоранд. Аммо дар ҳамин ҳол оё воқеан деҳқон метавонад маҳсулоти истеҳсолкардаи худро озод ба бозорҳои хориҷӣ барад? Зеро дар баъзе ҳолат деҳқонон аз сабаби монеаҳои гуногун наметавонанд маҳсулоти худро дар бозорҳои дохилӣ озод ба фурӯш гузоранд. Ба иттилои муовини аввали райиси Хадамоти гумрук
Неъмат Раҳматов ҳанӯз аз соли 2010 барои содироти гандум, картошка, гӯшт ва баъзе маҳсулоти ниёзи аввал маҳдудият ҷорӣ шудааст ва танҳо як ҳолати қочоқи гандум ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳам бошад, воридоти гандум мебошад, на содирот.
Бо вуҷуди зиёд будани талаботи аҳолӣ ба гандум дар ҷумҳурӣ майдони кишти он коҳиш ёфтааст ва асосан аз ҳисоби орду гандуми Қазоқистон талаботи мардум қонеъ гардонида мешавад. Аз рӯи маълумоти масъулини Хадамоти гумрук дар масъалаи воридоти молу маҳсулот гандум 3,4 % ё 51,3 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ба қавли вазири рушди иқтисод ва савдо, Фаррух Ҳамралиев ҳоло ҷамъоварии гандум оғоз шудааст ва коҳиши нархи он дар назар аст. Вай аз ҷумла гуфт: «Вале дар баробари ин аҳолии кишварро бо гандум ва орди худӣ таъмин накардаем ва ҳар сол аз Қазоқистон ворид мекунем. Аммо Қазоқистон низ дар давраи муайян содироти гандумро ба тариқи квота манъ ва оғоз мекунад, ки дар натиҷа нархи орд боло меравад. Дар оғози соли ҷорӣ барои содироти гандум аз Қазоқистон маҳдудият вуҷуд дошт. Тақрибан 50 дар сади орд истеҳсоли дохилӣ аст ва 50 %-и дигарашро аз Қазоқистон ворид мекунем. Фурӯши орду гандум аз ҷониби соҳибкорон ба роҳ монда шудааст ва ба он мо таъсири ҷиддӣ расонида наметавонем. Якчанд ниҳодҳое дорем, ки барои рақобати солим дар бозори истеъмолӣ кор кунанд, то бахши хусусӣ ба тариқи сунъӣ нархи орду гандум ва нонро дар моҳи Рамазон боло набаранд. Аз ҷумла, бо истифода аз фишангҳои маъмурӣ ба беасос боло бурдани нарх монеа эҷод мекунанд. Қонуни нави танзими савдо ҳам саривақтӣ ва зарурӣ буд. Дар Қазоқистон ҳам чунин қонун қабул шудааст, ки барои чанд навъи маҳсулоти ниёзи аввал маҳдудият ҷорӣ карда шудааст».
Коҳиш додани майдони кишти гандум дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон даъвои таъмини амнияти озуқавориро дорад ва афзоиши истеҳсоли гандум дар ин раванд нақши аввалиндараҷаро мебозад. Пас саволи матраҳ ин аст, ки ҳукумат бо орди қазоқӣ амнияти озуқавориро таъмин кардан мехоҳад?
Исфандиёр Халилӣ{jathumbnail off}
Мӯҳр