Пулиси Русия ҳамла ба қатори Тоҷикистонро "айб"-и роҳбалад гуфт
Мақомоти пулиси Русия дар ҳамла ва сангпартоӣ ба сӯи қатори Тоҷикистон, ки рӯзи 26-уми октябр сурат гирифт, роҳбалади тоҷикро муттаҳам медонад.
Тавре расонаҳои Русия аз қавли мақомоти пулиси Варонеж менависанд, айни ҳол ноболиғони дастандаркори ҳамла ба қатори Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки аз 15 то 18 сол доранд. Пулиси Варонеж дар пайи таҳқиқи ҳодиса муайян намудааст, ки ин қазия хусусияти миллатгароёна надошта, барои сар задани он роҳбалади қатори Тоҷикистон мусоидат кардааст: “Роҳбалад дархости ноболиғонро, ки хостаанд, барои ба роҳи дигар гузаштан, дари қаторро кушоянд, иҷро накардааст. Ноболиғон хостаанд, ба роҳи дигар, ки қатори шаҳрӣ он ҷо меистодааст, гузаранд.”
Қаблан хабар дода мешуд, ки шаби 26 октябр гуруҳи беш аз 20-нафараи афроди номаълум, бо симои славянӣ ва шиорҳои миллатгароёна ба қатори самти Маскав-Душанбе ҳамла намуданд, ки дар натиҷа мусофирон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Сафорати Тоҷикистон дар ҳол аз он нигаронӣ кард, ки пулиси маҳаллӣ ва кормандони роҳи оҳани Русия, ки зимни ин ҳамла дар ҷои ҳодиса ҳузур доштаанд, ягон аксуламале нишон надодаанд, то аз ин шабохун ҷилавгирӣ шавад.
Масъулони ширкати Роҳи оҳани Русия гуфтаанд, ҷуброни тамоми зиёнеро, ки дар пайи ҳамла ба қаторҳои Маскав-Душанбе ва Маскав-Хуҷанд расидааст, пардохт хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |