"Барқи тоҷик" дар рӯзи интихобот лимитро лағв мекунад
Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ба муносибати Рӯзи Сарқонун ва интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки 6-уми ноябр баргузор мегарданд, маҳдудияти барқ ё худ лимитро аз байн бардошта мешавад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз соати 17:00-и рӯзи 5-уми ноябр то соати 11:00-и рӯзи 7-уми ноябр барқ ба мардуми Тоҷикистон бемаҳдудият таъмин хоҳад шуд. Ёдгорӣ афзуд, ки аз бегоҳи рӯзи 7-уми ноябр лимит дубора барқарор мешавад ва таъминоти барқ боз тибқи реҷаи муқарраршуда роҳандозӣ хоҳад шуд: “Аз соати 9-00 то 17-00 ва аз соати 22:00-и шаб то 5:00-и субҳ мардуми навоҳӣ барқ нахоҳанд гирифт.”
Ёдгорӣ таъкид намуд, ки ин иқдом ба хотири захираи об дар обанборҳои кишвар ва таъмини беҳтари мардум бо барқ дар фасли зимистон аст, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон имсол қаҳратун хоҳад буд.
Ёдгорӣ таъкид намуд, ки ин маҳдудият ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов дахл надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |