ВКД гуфт, писари Кабиров дар сари фармони мошин набуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар садамаи шоми 3-юми ноябр, ки се кушта бар ҷой гузошт, сари фараони мошин Парвиз Кабиров, писари Мизроб Кабиров, раҳбари дастгоҳи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон набудааст.
Тавре Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ дод, дар ин садама, ки тахминан соати 23:00-дақиқа рух додааст, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 45-45 РТ, Раҳматҷонов Фарҳодҷони 28-сола, сокини шаҳри Душанбе будааст, ки ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа худи ронанда ва мусофиронаш Ёров Тақдири 28-сола ва Кабиров Парвизи 32-сола, сокинони шаҳри Душанбе, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Парвиз Кабиров, фарзанди раиси дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ, фориғуттаҳсили яке аз донишгоҳҳои Чин буда, дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, шӯъбаи консулӣ, кор мекард.
Худи Мизроб Кабиров се соли пеш ба мақоми раиси дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ интихоб шуд. Вай дар гузашта ба ҳайси муовини раҳбари Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон кор кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |