Убайдуллоев нақзи ҳаққи истеъмолгаронро гуноҳи Холиқов гуфт
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, аз нақзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон дар пойтахт изҳори нигаронӣ намуда, бо ин ҷурм раиси шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории пойтахт, Муним Холиқовро аз кор озод кардааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Убайдуллоев бори дигар барои нест кардани чорво аз қаламрави пойтахт таъкид кардааст: “Дар ҷаласа қайд шуд, ки “Комбинати шири Душанбе” иҷозат гирифт, то ҳамарӯза аз соати 6 00 то 9 00 ва аз соати 18 00 то 20 00 дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо бо нархи 3,5 сомонӣ тавассути нақлиёти таъинотӣ шири пастеризатсияшударо ба фурӯш гузорад ва баҳри рақобат дар бозори шир дигар субъектҳои дорои имконият ва литсензияи марбута метавонанд унвонии шаҳрдорӣ муроҷиат намоянд.”
Баробари ин раиси Душанбе ба масъалаи вазъи санитарию эпидемиологӣ дар шаҳр дахл карда, Раёсати тандурустӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии пойтахтро вазифадор кардааст, то ҳолати ошхонаҳои дар мактабу муассисаҳои томактабӣ фаъолияткунандаро зери назорати доимӣ қарор диҳанд ва аз прокуратураи шаҳр даъват намудааст, ки дар ин маврид санҷиши прокурорӣ анҷом диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |