Раҳмон баъд аз интихобот иҷлосияи ғайринавбатӣ даъват кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, фармон додааст, ки 11-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъват карда шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, қонуни Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонуни Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, тибқи тағйирот ба қонун дар бораи рамзҳои президенти Тоҷикистон, баъди ҳар интихоботи президентӣ раиси Суди конститутсионӣ ба ғолиб Ситораи президенти Тоҷикистон, нишон ва парчами президентро тақдим хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |