Писари раиси дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ дар садамае ҷон бохтааст
Парвиз Кабиров-и сисола, писари Мизроб Кабиров, раҳбари дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон, дар садамае дар наздикии Театри ҷавонони шаҳри Душанбе ҷон бохтааст.
Як манбаъ дар Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ё ГАИ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин садама шоми 3 ноябр иттифоқ уфтода, се кушта бар ҷой гузоштааст. Вале, ба гуфтаи ӯ, рӯшан нест, писари Мизроб Кабиров оё дар сари фармони мошин буда, ё на. Манбаъ дар идома афзуд, ҷузъиёт ва иллати рух додани ин садамаи нақлиётиро гуфта наметавонад, чун шарҳи ин иттилоъ ба ӯҳдаи Вазорати умури дохилӣ вогузор шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Шавкат Саидов, сухангӯи Маҷлиси Миллӣ дар як тамоси телефонӣ хабари марги писари Мизроб Кабировро тасдиқ кард. Вале ӯ ҳам гуфт, “моро ба ҷаноза хабар карданд, аммо нагуфтанд, сабаби марги писари Кабиров чӣ будааст.” Парвиз Кабиров фориғуттаҳсили яке аз донишгоҳҳои Чин буда, дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, шӯъбаи консулӣ, кор мекард.
Худи Мизроб Кабиров се соли пеш ба мақоми раиси дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ интихоб шуд. Вай дар гузашта ба ҳайси муовини раҳбари Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон кор кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |