Тими миллии футзали Тоҷикистон рақиби яккачини Узбакистон аст
Тими миллии футзали Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар мусобиқаи Осиё-2014 ба Тошканд рафт.
Даври интихобии мусобиқаи Осиё-2014 оид ба футзал дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз 5 то 7-уми ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
Яккачини Тоҷикистон, шомили гуруҳи “А” мебошад, барои ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтан бо тимҳои Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон рақобат хоҳад кард.
Тими милли футзали Тоҷикистон давраи омодагӣ ба ин мусобиқаро дар Қайроқум анҷом додааст. “Мақсади мо ба даври финалии мусобиқаи Осиё роҳхат гирифтан аст ва барои расидан ба он талош хоҳем кард”,-гуфтааст, Дамир Камолиддинов, сармураббии даста ба торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Мусобиқаи Осиё оид ба футзал. Даври интихобӣ. Минтақаи Осиёи Марказӣ
Даври 1-ум
5 ноябр (сешанбе)
16:00 ТОҶИКИСТОН - Қирғизистон
19:00 Узбакистон – Туркманистон
Даври 2-юм
6 ноябр (чоршанбе)
16:00 Туркманистон – Қирғизистон
19:00 ТОҶИКИСТОН – Узбакистон
Даври 3-юм
7 ноябр (панҷшанбе)
16:00 ТОҶИКИСТОН – Туркманистон
19:00 Узбакистон – Қирғизистон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |