Бахшҳо

Рашид Раҳимов, мураббии тоҷик, ба назди Рамазон Қодиров рафт

Рашид Раҳимов, мураббӣ ва яке аз футболбозони беҳтарини тоҷик аз ин ба баъд дастаи “Терек”-и Чеченистонро машқ медиҳад. Раҳимов, ки дар гузашта сармураббии дастаи “Амкар”-и Перм ва “Локомитив”-и Русия ба шумор мерафт, ба хотири бастани шартнома бо тими “Терек” ҳоло дар Чеченистон қарор дорад.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, мураббии тоҷик алакай бо Рамазон Қодиров, президенти клуби футбол ва ҳамзамон раисиҷумҳури Чеченистон, вохӯрӣ анҷом дода, қарор аст, дар наздиктарин замон шартнома миёни ҷонибҳо ба имзо расад.

Симати сармураббии дастаи “Терек”-и Чеченистонро то ин дам Юрий Красножан, мураббии рус бар дӯш дошт, ки ибтидои ҳафтаи гузашта ба истеъфо фиристода шуд. Рашид Раҳимов, ки 48 сол дорад, яке аз футболбозони машҳури тоҷик дар замони Шӯравӣ маҳсуб шуда, дар гузашта дар тимҳои футболи мухталиф, аз ҷумла, дастаи “Помир”-и Душанбе, “Спартак” ва “Локомотив” -и Маскав ва “Аустрия”-и Вена ба ҳайси ҳимоятгар ва нимҳимоятгар бозӣ кардааст. Инчунин, ӯ ҳамчун устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ шинохта шудааст.

Раҳимов дар ду сабқати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карда, 4 бор аз тарафи Русия дар бозиҳои тимҳои миллӣ иштирок доштааст. Ӯ аз соли 2006 то 2007 мураббии тими футболи “Амкар”-и Перм буда, аз моҳи декабри соли 2007 то моҳи апрели соли 2009 ба ҳайси сармураббии дастаи “Локомотив”-и Маскав фаъолият кардааст. Рашид Раҳимов ду бор, солҳои 1992 ва 1994, ҳамчун қаҳрамони футболи Русия шинохта шуда, аз ӯ дар феҳристи 33 футболбози беҳтарини Иттиҳоди Шӯравӣ ном гирифтаанд.
Мӯҳр
Бехтарин хабаре ки дар рузхои охир хо

ндам. Ба ин бузургмарди точик барори кор мехохам

in rashidash tojikmi?charo ba tojikiston nameoyad?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)