Бахшҳо
03 ноя 2013 08:23Тоҷикистон / Сиёсат

Донишҷӯён намедонанд, ба марш мераванд, вохӯрӣ ё консерт (АКСУ ВИДЕО)

Садҳо нафар аз донишҷӯён ва устодони макотиби миёнаву олии Тоҷикистон субҳи 3 ноябр дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе гирди ҳам омаданд. Аксари донишҷӯён ва устодони макотиби миёнаи пойтахт дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфтанд, ба онҳо аз тарафи масъулинашон дастур шудааст, то соати 8:00 субҳ дар Наврӯзгоҳ ҳозир шаванд.



Вале онҳо гуфтанд, ки дақиқ намедонанд, ҳадаф аз рафтанашон чист. Бархе аз донишҷӯён ҳам дар посух ба суоли хабарнигори мо, ки чаро ба Наврӯзгоҳ меравед, гуфтанд, “мо ба консерт даъват шудаем.” Дар ҳамин ҳол, яке аз устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, онҳоро соати 10-и рӯз ба вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Наврӯзгоҳи пойтахт даъват кардаанд. Ӯ гуфт, ба иловаи тамоми устодони донишгоҳ, инчунин, аз ҳар факулта 50 донишҷӯй ба Наврӯзгоҳ сафарбар шудааст.

Бар асоси иттилоъ ва нақшаи “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) интизор мерафт, 3 ноябр дар кӯчаҳои пойтахт роҳпаймоӣ ё худ марши “Президенти ман” ба тарафдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон баргузор шавад. Марши “Президенти ман” рӯзи 2 ноябр дар аксар шаҳру вилояти кишвар, бахусус шаҳри Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ барпо карда шуд. Ин ҳама талошҳо барои тарафдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон ва яке аз нмозадҳо ба мақомои президентӣ дар интихоботи 6 ноябр гуфта мешавад.

Оқои Раҳмон то кунун дар се интихоботи президентӣ (1994, 1999 ва 2006) иштирок карда, бар рақибонаш дастболо шудааст. Аммо мунтақидони ҳукумат баргузории чунин як раҳпаймоиро ба тарафдорӣ аз раисиҷумҳури кунунӣ аз як сӯ “нолозим” ва аз сӯи дигар сӯистифода аз мақом медонанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба мухолифонаш иҷоза надодааст, ки ба ин ё он муносибат раҳпаймоӣ ё гирдиҳамоӣ намоянд.


Донишҷӯён намедонанд, ба марш мераванд, вохӯрӣ ё консерт (АКСУ ВИДЕО)


Донишҷӯён намедонанд, ба марш мераванд, вохӯрӣ ё консерт (АКСУ ВИДЕО)

Донишҷӯён намедонанд, ба марш мераванд, вохӯрӣ ё консерт (АКСУ ВИДЕО)

Донишҷӯён намедонанд, ба марш мераванд, вохӯрӣ ё консерт (АКСУ ВИДЕО)

Донишҷӯён намедонанд, ба марш мераванд, вохӯрӣ ё консерт (АКСУ ВИДЕО)

Донишҷӯён намедонанд, ба марш мераванд, вохӯрӣ ё консерт (АКСУ ВИДЕО)

Донишҷӯён намедонанд, ба марш мераванд, вохӯрӣ ё консерт (АКСУ ВИДЕО)

Донишҷӯён намедонанд, ба марш мераванд, вохӯрӣ ё консерт (АКСУ ВИДЕО)

Донишҷӯён намедонанд, ба марш мераванд, вохӯрӣ ё консерт (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
donishju
Hamin digar kori diga nadoran ruzhoi yakshnabe ham marduma namemonan istirohat kunad yo in ki yagon kori shakhsiashro kunad

хушбин душанбе
Аксияи чавононро дастгири менамоям. Номзадии Э.Рахмон ба мансаби Президенти ЧТ арзанда аст. Албатта дар чумхури шахсони ба ин мансаб арзанда дорем, вале у аз дигар номзадхо садхо маротиба сазовортар аст.

Хамаша чам куни 4 тангем одам мешаван ами созандагони ватанш. амика войма мекне ба 4 тангем одам кичора мегире?

Ичозат дихед тарафдорони Ойнихол ба кучахо бароянд бовар кунед мебинед ки худатон хам дар кучаед хамрохи мардум. чаро ки дар хонахо кас намемонад.

Dev
E voj bar man , e voj bar mo ! Agar du -se puldori tavono, jo du -se shahsi obrumandi mikesi , akkalan SNG harifi Rahmon mebud , pas jamomad manoe dosht , holo boshad in jamomad handaovar ham hastu rikkatovar niz , chun rohi millat , zindagii mardum bozichae dar dasti podhalimoni yak kas ast.

Точик
Ох аз ин комедия, ох аз ин сохтакорихо!!! Хамин студентхои гуруснаро чи ин кадар сарсон мекунед, монед дарс хонанд? Аз саратон хамон давлатдориатон монад! Гуё ин спектакл давлати шуморо конуни мекарда бошад. О хама медонад, ки чи гап аст ва чи гуна интихобот мешавад. Студентхои бечораро ором гузоред. ОНхо бояд дарс хонанд, на ин ки ба консерт раванд.

Интихобкунанда
мухтори себзори,
Рафик себхур Ойнихол Бобоназароваат хамон имзохои лозимаро чамъ карда натавонист . Боз ба кучахо мебаромадаст, натавонистед вакти имзо чамъкуни ба кучахо баромада имзо чамъ кунеду хонумаро дар руйхати интихобшавандахо кайд кунед....

Точикбача(1)
Ба Интихобкунанда, агар ЧО бо рохи халол, на аз талабахои макотибу донишгоххо имзо чамъ мекард, Худо медонад, ки то кая имзохоро чамъ мекард ва хатто чамъ кардан хам наметавонист. Агар монеагузорихо нисбати чонибдорони Бобоназарова намебуд, у Иншоаллоһ, ғолиб меомад. Вой бар мо, вой бар имзои мо. Як чизро фаромуш кардаам. Агар дилат себхури бошад, ба ман занг зан: 92 780-90-100. хаха!

Ту интихобкунанда Не ЛАГАНБАРДОРАНДА бас будагист косалели то кай бо ин рох мерен.

мухтори себзори,
ijozat nametanton? ooo diga chi gap mezanen.ijozat ne gap zada nametonen.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)