Дар шаҳри Феодосияи ҷумҳурии Украина санади қадимае пайдо гардид, ки аз авлоди Муҳаммад паёмбар (с) будани соҳиби онро исбот мекард.
Ҳамакнун, ин ҳуҷҷат дар осорхони шаҳри Феодосия нигаҳдорӣ шуда, ягона нигорае аст, ки беш аз 550 сол дорад.
Бино ба маълумоти бостоншиносони укроинӣ ин дастхат дар шаҳри форснишине бо номи Карбок, дар соли 1464 ба номи Фотима бинти Ҷалил навишта шуда, аз авлоди Паёмбари Ислом будани ӯро исбот мекунад. Ин ҳуҷҷат аз сӯи саркардагони мусулмонон эҳтимол барои пешниҳод ба шавҳари ояндаи Фотима навишта шуда бошад, зеро барои тасдиқи он дар пушти ин ҳуҷҷат имзо ва мӯҳри 12 нафар уламову мансабдорони паёмадони Муҳаммад алайҳисалом мавҷуд аст. Барқароркунандаи матн Сергей Кулаков гуфтааст, дар ҳуҷҷат ҳич расме мавҷуд нест, танҳо ҳарфи аввали он бо тилло ҳаккокӣ шудаву ороиш дода шудаасту бас.
Дарозии ин ҳуҷҷат 3, 5 метрро ташкил дода, барои барқарорсозӣ ва бозхонии он олимони Санкт-Петербург низ ҷалб шудаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр