Гирдиҳамоии додситону додрасҳои 36 кишвари дунё дар Истанбул
Дар Истанбул ҳуқуқшиносон ва донишмандони беш аз 35 кишвари ҷаҳон гирдиҳам омада, роҳҳои нави мубориза бо терроризмро баррасӣ намуданд.
Тавре хабарнигори “Озодагон” дар Туркия хабар медиҳад, дар ибтидои ҳафтаи равон дар шаҳри Истанбули Туркия симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи мубориза бо терроризм ва роҳҳои ҳамкории кишварҳои дунё дар ин самт баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар ин симпозюм, ки тӯли ду рӯз идома дошту он азтарафи Вазорати адлияи Туркия баргузор карда шуд, зиёда аз 300 ҳуҳқуқшиносу донишмандон, додситонҳои кулл ва раисони Додгоҳҳои олии 36 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок дошта, роҳҳои нави мубориза бо терроризмро муҳокима намудаанд.
Дар ин ҳамоиш Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карда, дар роҳи мубориза бо терроризм пешниҳодҳое низ кардааст.
Дар ҳамоиши мазкур мавзуҳои “Мубориза бар зидди тероризм дар низоми либеризация”, “Терор аз лиҳози ангезаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, “Мавзуи ҳуқуқи башар ва сарқонунҳои кишварҳо дар мубориза бар зидди тероризм”, “Ҳамкориҳои дастаҷамъонаи байналмиллалӣ бар зидди тероризм бо ҳифзу ҳуқуқҳои озодии шаҳрвандӣ ба баррасӣ гирифта шудаанд.
Саъдулло Эрлин, вазири адлияи Туркия зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш гуфтааст, ки кишвараш дар роҳи мубориза бо терроризм таҷрибаи бой дорад, вале ин кофӣ набуда, бояд роҳҳои нави дигар ҷустуҷӯ карда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |