Бахшҳо

Духтари “эрка”-и президент чаро падарашро ба диктатор шабеҳ кард?

НӮФАРН-4

Гулнора Каримова ба назар мерасад, дигар духтари нозпарварди Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, нест. Чанд вақти ахир хабарҳои зиду нақиз дар мавриди муносибатҳои сарди ӯ ва падари президенташ зиёд моли расонаҳо мешавад. Ҳатто хабарҳое ҳам буд, ки Каримов Гулнораро задааст.


Гулнора духтари бузурги Каримов аст, аммо ба назар мерасид “эрка”-и хонадон буд. Духтари дигари ӯ Лола дар қиёс ба Гулнора чандон чеҳраи матраҳ набуд. Ҳарчанд расонаҳои ғарбӣ аз харидории манзилҳои гаронарзиш аз сӯи ӯ дар Аврупо хабарҳо нашр карда буданд. Баъд аз як мусоҳибаи Бӣ-Бӣ-Сӣ бо Лола маълум шуд, ки ӯ солҳост бо хоҳарбузургаш гап намезанад. Вай ҳатто гуфт, шарм медорад, ки ӯро духтари диктатор мегӯянд.
Аммо баргардем назди Гулнора Каримова, ки ҳадс зада мешуд, валиаҳди падараш аст ва курсии ӯро бегона намекунад. Ба гуфтаи соҳибназарон худи Каримов мехост, ки духтари бузургаш баъд аз ӯ дар курсии раёсатҷумҳурӣ биншинад. Вале ҳоло чӣ?

Ахиран, гӯиё аз миёни Гулнора ва падараш “гурбаи сиёҳ гузаштааст”. Хабарҳое дар расонаҳо радду бадал мешавад, ки ба сардӣ дар муносиботи падару духтар ишора мекунад. Ҳамин ба тозагӣ гулнора Каримова дар саҳифаи “Твиттер”-и худ падарашро ба диктатори шӯравӣ Сталин Иосиф ташбеҳ кардааст. Хонум Каримова навиштааст, “... рафиқ Сталин буду ҳаст ва ӯ падари ман мебошад ва то дами марги ман чунин боқӣ хоҳад монд”.

Ҳамааш шояд аз бозҷӯӣ ва тафтиши ширкатҳои мутаалиқ ба Гулнора дар Узбакистон шуруъ шуда бошад, ки ба иттилои бархеҳо бо амри Ислом Каримов сурат гирифтааст. “Озодлик”, бахши узбакии Радиои “Озодӣ” хабар дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон фаъолиятҳои молии ширкати "Terra group"-и мутаалиқ ба Гулнора Каримоваро тафтиш кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ҳисобҳои бонкии “Terra Group”, ки дар "Infinbank" будааст, мунҷамид шудаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сарчашмаи пулҳои ба ҳисоби ширкат воридшуда таваҷҷуҳ кардаанд. Як манбаъ аз "Infinbank" ба “Озодлик” гуфтааст, дар бонки мазкур ширкати "Terra Group" ҳисобҳои зиёде доштааст, ки дар онҳо пули калон дар гардиш будааст.

Ба иттилои манбаи дигар аз "Infinbank" як марде бо исми Фарҳод, ки аз одамони наздик ба Гулнора Каримова гуфта мешавад, зери назорати мақомот аст. Ширкати мазкур дар бонкҳои дигари Узбакистон, ки ба афроди маъруфи ин кишвар таалуқ доранд, низ ҳисобҳои бонкӣ доштааст.
Ҳафтаи гузашта якбора пахши барномаҳои се радиое, ки дар ҳайати “Terra group” буданд, қатъ гардид. Намояндаҳои ширкат гуфтанд, ин ба корҳои профилактикӣ марбут аст. Баъдан, 4 шабакаи телевизионии зери назорати Гулнора Каримова ҳам аз эфир “ғайб” зад. Дар ҳоли ҳозир кормандони ширкати “Terra Group” ба рухсатӣ фиристода шуда, фаъолияти он қатъ шудааст.

Худи хонум Каримова дар саҳифаи “Twitter”-и худ дар мавриди масдуд шудани шабакаҳои телевизионияш навиш, ки базудӣ шабакаҳои нави телевизионӣ бо барномаҳои тозаву гуногун ифтитоҳ хоҳад шуд, ки ба гуфтаи ӯ “оламро "тасхир" мекунанд”. Расонаи “Uznews.net” ахиран хабар дода буд, ки аз рӯзи 21-уми октябр намоиши барномаи шабакаҳои телевизионии “Форум ТВ”, “Марказ ТВ” ва “NTT” дар қаламрави Узбакистон қатъ гардидааст. Ба иттилои манбаъ, ба ҷои ин се шабакаи узбакӣ, барномаҳои шабакаи телевизиони русии “Спорт-1”, “Евроспорт” ва “Энимал планет” ба намоиш гузошта шуд.

Аммо шояд решаи ин сардиҳоро аз дуриҳо ҷустуҷӯ кардан дурустар бошад. Аз замоне, ки номи духтари бузурги Ислом Каримов дар ду қазияи марбут ба коррупсия зикр шуд. Ёдовар мешавем, дар пайи як барномаи шабакаи телевизионии SVT-и Шветсия дар мавриди дарёфти ҳаққи кор дар бозори Узбакистон аз сӯи ширкати «ТелиоСонера»-и Швейтсария моҳи декабри соли гузашта таҳқиқотҳое оғоз шуд. Дар ин замина ҳуҷҷат ва санадҳое дастраси матбуот шуд, ки бино бар онҳо дар ивази маблағи чандмиллиондолларӣ ба ширкати шведсиягии TeliaSonera “ҳимояи маъмурӣ”-и давлати Узбакистон кафолат дода шудааст. Ин ҳуҷҷатҳоро, ки бархе аз қисматҳояш дастнавис буда, як шахси номаълум онҳоро ба Телевизиони ҷамъиятии Шветсия расондааст, шубҳаи ришвагирии Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Ӯзбакистонро аз ширкати мобилии TeliaSonera тақвият медиҳанд.

Баъдан, расонаҳои ғарбӣ ҳамеша аз санҷишу тафтишоти манзил ва афроде иттилоъ медоданд, ки ба Гулнора иртибот дорад. Моҳи август хабар расид, ки дар чор кишвари аврупоӣ амалиётҳои таҳқиқоти мавориди фасод алайҳи шарикони Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон ҷараён дорад. Дар баробари муфаттишони Шветсия ва Шветсария, муфаттишони фаронсавию латвӣ низ бо таҳқиқи ҳолатҳои фасоди марбут ба шарикони Каримова машғул ҳастанд. Торнамои “ca-news” мегӯяд, таҳқиқи мавридҳои пӯлшӯӣ марбут ба шарикони Гулнора Каримова дар Фаронса алакай оғоз шудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран Додситонии Шветсия гуфта буд, мақомоти пулиси Фаронса бо дархости ин ниҳод дар чорчуби амалиёти таҳқиқи пулшӯӣ чанд манзилеро мавриди кофтукоб қарор додааст, ки гуфта мешавад, ба Гулнора Каримова, духтари бузурги президенти Узбакистон мансубанд.

Таҳқиқот алайҳи шарикони Гулнора ва молу амволи ӯ дар ҳоле шуруъ гардид, ки бар асоси ҳукми додгоҳӣ дар нимаҳои моҳи июли соли ҷорӣ масунияташ ба ҳайси сафири Узбакистон дар СММ лағв гардид.

Шояд ҳамаи ин косаи сабри Каримови 75 соларо, ки беш аз 20 соли ахир дар курсии президентӣ такя мезанад, лабрез карду меҳру муҳаббати зиёдашро ба нафрат табдил дод? Гулнора Каримоваро, ки дар баробари ғутта задан дар дарёи сиёсат ҳамчунин худро ҳамчун тарроҳи либос ва хонандаи поп (бо тахаллуси Гугуша) муаррифӣ мекард ва ҷонишини аслии Ислом Каримов гуфта мешуд, акнун чӣ интизор аст? Ӯ метавонад бо падараш забон ёбад ё хашми президенти пир беохир аст? Ё шояд ҳамаи ин як бозии сиёсист ба хотири гӯл задани дигарон? Ҳарчӣ ҳам ҳаст бояд интизор буд ва равандро мушоҳида кард, то вақт бароямон ҳама чизро рӯшан созад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)