ФМС барои иҷораи манзил ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ 50 000 рубл ҷарима мехоҳад
Раёсати Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар вилояти Маскав пешниҳод кардааст, соҳибони манзиле, ки хонаи худро ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ иҷора медиҳанд, 50 ҳазор рубл ҷарима шаванд.
"Известия" аз қавли Олег Молодиевский, раҳбари РХФМ навиштааст, аз онҳое, ки манзили худро ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ иҷора додаву ҳамзамон аз пардохти молиёт худдорӣ мекунанд, бояд ҳамин миқдор маблағ ситонида шавад.
Ҳамчунин пешниҳод шуда, ки корфармоҳо бояд муваззаф бошанд, муҳоҷиронро бо ҷои зист таъмин созанд.
Баъди ҳаводиси Бирюлёво дар Маскав теъдоди зиёди муҳоҷироне, ки ба тамиз кардани кӯчаҳо машғул буданд, аз кор рафтанд. Ин ҳолат боис шуд, то кӯчаҳои пойтахти Русия тамизношуда боқӣ монанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |