Бахшҳо
01 ноя 2013 12:07Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Хабарнигори “Озодагон”, баҳси сигор ва автобуси “облава” (ВИДЕО)

Рустами МАҶИД

Субҳи 1 ноябр аз назди Донишгоҳи тоҷикию русӣ, маъруф ба "Славянский", гузашта, сигоркашон ба ҷои кор мерафтам. Ба наздам як пулис омада, худро шинос карду гуфт, дар кӯча ва ҷои ҷамъиятӣ сигор кашидан мумкин нест.

Қаблан дар хусуси Кодекси қонунвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ва муборизаи худ бо кормандони пулис борҳо навишта будам. Бояд гӯям, то ҳол 15 бор бо сабаби сигоркашӣ дар кӯча маро ба шӯъбаи пулис бурдаанд ва боре ҳам гунаҳкор будани ман аз рӯи Кодекси номбурда исбот нашуд. Аммо ин дафъа ҳолат дигар буд: ин пулис аз ман хост, бо “калонашон” гап занам ва ҳамроҳи се ҷавон ба сӯи микроавтобуси сафеди тамғаи "Мерседес" (рақами қайди давлатиаш 4822) бурданд. Онҷо алакай 2-3 ҷавон нишаста буданд, ки яке аз онҳо доим мегуфт, ба дарс дер мекунад ва хоҳиш мекард озодаш намоянд.

Ҳеч як аз дохили микроавтобус будагон худро муаррифӣ накард ва ҳатто пас аз талаби ман, ҳамон "пулис" бо дуруштӣ ҷавоб дод, ки онҳо метавонанд ба касе худро муаррифӣ накунанд. Дар микроавтобус "допрос" сар шуд: кистӣ, аз куҷоӣ, чӣ кор мекунӣ ва ғайра. Ҳамин, ки гуфтам рӯзноманигорам, "шасташон" паст шуд ва корманди пулис берун рафт.

"Калон" ба такрор мегуфт, дар кӯча сигор кашидан мумкин нест ва ман бояд ҷазо гирам. Ҳайронам, чаро ин суханонро на дар шӯъбаи пулис, балки дар микроавтобус ва на як пулис мегуфт. Аммо ин дигар муҳим набуд, чун сухан алакай сари хидмати ҳарбӣ рафт ва рӯирост гуфтанд маро мехоҳанд ба сафи артиш баранд.

Ҳуҷҷат пурсиданд. "Пулис" баргашта гуфт, барои бо худ гирифтани дастгоҳи аксбардорӣ бояд иҷозатнома дошта бошам.
Вақте гап сари вайрон шудани қонунгузорӣ аз ҷониби ман рафт, ҷиноёти худашонро ба рӯяшон кашидам: аввал, чунин амал талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба даъвати ҳарбиро вайрон мекунад. Дуюм, ин одамрабоии рӯирост аст: касе худро шинос намекунад, ба ҷои номаълум бурданианд ва на ман ва ягон нафар аз наздиконам хабар надоранд.

Шояд оромии ман ва боварии комил ба суханонам бошад, ки "калон" бар хилофи интизорам, бо оромӣ суҳбат мекард. Пас аз баҳс атрофи қонунвайронкуниҳои эшон, маро раҳо карданд, аммо то 50 метр, 6-8 қадам дуртар як нафар аз пасам мерафт ва афсӯс, натавонистам аз ин амал акс гирам.


Посухи роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе ба суоли "Розиед, ҷавононро маҷбурӣ ба сафи Артиш баранд?"

Мӯҳр
о
Илтимос аз ягон шахсони босаводтар интервью гиред.

Нидои таассуф
Кош хамаи кабагалбачахо мисли ин бародар журналист мешуданд, то ки "облава" онхоро сайд намекард. Хайфи 5 соли умрам, ки дар як донишгохи оли сарф карда, то хол чои кор пайдо карда наметавонам, бар замми ин аз "облава" дар "побег" хастам. Кош факултаи журналистка мехондам.Афсус да, афсус))))

Ман.
Гуфти хамун гарибшо,ки часуру далер неву чумо шудаем. Хамаш ин паказуха аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)