“Равшан” дастаи “Истаравшан”-ро бо ҳисоби 4-1 шикаст дод
Ин бозии охирини даври 16-уми мусобиқоти қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон буда, 31-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Нимаи аввали сабқат мусовӣ, 1-1 анҷом ёфт. Ҳисобро Ҳасан Рустамов, ҳамлагари тими “Равшан”, дар дақиқаи 21-уми дидор кушод. Илҳом Баротов, бозигари дастаи “Истаравшан” дар дақиқаи 31-ум тӯбро ба дарвозаи соҳибони майдон ворид намуда, ҳисобро баробар кард. Дар нимаи дуюми дидор се голи соҳибони майдонро Соломон Течи (56), Ҳасан Рустамов (59, аз пеналтӣ) ва Давронҷон Тухтасунов (90+1) заданд.
Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо 37 имтиёз дар садри ҷадвал нишастааст. “Равшан”-и Кӯлоб бо 37 имтиёз дар мақоми дуюм аст. “Хайр”-и Ваҳдат бо 29 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. Феълан дастаҳои “Истиқлол” ва “Хайр” 15 бозигӣ анҷом додаанд, тими “Равшан” бошад то имрӯз 13 бозӣ анҷом додааст.
Нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот инҳоянд: Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол” / “Хайр”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 10 тӯб, Александр Кудряшов (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 6-тӯбӣ, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) – 5 тӯб.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |