Корхонаи "ҚирғизГаз" бар ивази 1 доллар фурӯхта мешавад
Ба фуруши 100%-и ҳиссаи корхонаи “ҚирғизГаз”-и Қирғизистон ба ширкати “Газпром”-и Русия иҷоза дода шуд.
Ба иттилои расонаҳои қирғизию русӣ, Кумитаи Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон)-и оид ба умури байналмилалӣ масъалаи фуруши тамоми ҳиссаи корхонаи “ҚирғизГаз”-ро ба ширкати “Газпром” ба баррасӣ гирифта, ба он иҷоза додааст.
“Бар асоси шартнома дар мавриди ҳамкорӣ миёни Қирғизистон ва мақомоти гази Русия аз авохири моҳи июни соли ҷорӣ, корхонаи “ҚирғизГаз” ба Русия бар ивази 1 доллари амрикоӣ фурухта шуд.”- омадааст дар қарори кумитаи мазкур.
Ҳоло қарордод ба парлумони Қирғизистон пешниҳод шуда, интизор меравад, дар наздиктарин вақт тасвиб шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |