Амрико мегӯяд, аз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов розӣ ҳаст
Амрико мегӯяд, аз мавқеи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар минтақа, бахусус Афғонистон розӣ ҳаст.
Борак Обама, раисиҷумҳури Амрико гуфтааст, кишвараш аз нақши раҳбари Туркманистон оид ба пайгирии сулҳу субот дар минтақа, аз ҷумла тааҳҳуди ӯ ба хотири рушдуи пешрафти Афғонистон қадр мекунад. Раисиҷумҳури Амрико ибрози умедворӣ кардааст, ки дар оянда равобит миёни Вашингтону Ашқобод тақвият хоҳад ёфт.
Туркманистон дорои марзи тулонӣ бо Афғонистон мебошад, ки вазъияти хатаровар дар он ҳоким ҳаст. Ашқобод борҳо аз омодагиии худ барои мизбонии ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва музокирот дар мавриди Афғонистон хабар додааст.
Ин дар ҳолест, ки дар оғози соли ҷорӣ Ашқобод нишастҳои байналмилалӣ дар масъалаи Афғонистонро мизбонӣ карда, шуморае аз тарҳҳои роҳи беҳбуди иҷтимоӣ ва иқтисодии ин кишварро ироа кардааст, ки онҳо аз сӯи СММ ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мавриди арзёбии мусбат қарор гирифтаанд.
Яке аз нақшаҳои мусбат оид ба рушди Афғонистонро аз сӯи Туркманистон метавон, тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон-Туркманистон-Афғонистон номид. Инчунин Туркманистон тарҳи афзоиши содироти неруи барқ ба Афғонистонро пешниҳод кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |