Дар шимоли Тоҷикистон наздики 150 кг маводи нашъадорро ба коми оташ доданд
Беш аз 146 кило маводи мухаддир сӯзонда шуд.
Тавре ба “Озодагон” аз Агентии назорати маводи нашъадор хабар доданд, ин миқдор маводи мухаддир дар Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд маҳв шудааст.
“Дар ҳузури комиссияи вижа дар дегҳои махсус 146 килову 104 грам маводи нашъадор сӯзонда шуд, ки 79 кг 567 грами онро ҳероин, 66 кг 357 граммашро ҳашиш ва 180 грами дигарашро афюн ташкил медод”,-афзуд манбаъ.
Бино ба омори мавҷуд аз замони таъсиси Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон то имрӯз беш аз 14 тон маводи мухаддир аз роҳи сӯзондан маҳв шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |