Ҳукумат ба футболбозони “Хайр” 6,4 гектар замин дод
Ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз, 31-уми октябр, дар ҷаласаи худ қарор намуд, ки барои бозигарони дастаи “Хайр”-и Ваҳдат замин ҷудо шавад.
Дар ҷаласаи ҳукумат қарор шуд, ки дар шаҳри Ваҳдат барои сохтмони манзили истиқоматӣ барои футболбозони дастаи Хайр 6,41 гектар замин ҷудо гардад. Инчунин бо қарори ҳукумат барои ниёзмандон дар ноҳияи Панҷ ҷудо намудани 62,72 гектар замин дар назар аст.
Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар ҳайати наздики 20 нафар аз соли 2010-ум инҷониб дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон баромад карда, то ҳол ҷойҳои чорум ва панҷумро соҳиб шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |