Бахшҳо
31 окт 2013 15:47Тоҷикистон / Сиёсат

Парлумони холӣ. Шукурҷон Зуҳуров вакилонро ба куҷо гусел кард?

Ҳумайрои БАХТИЁР

Дар пешорӯи интихоботи президентии Тоҷикистон, ки 6 ноябр баргузор хоҳад шуд, вакилони Маҷлиси Намояндагон ғайриинтизор ба таътил баромадаанд. Таътили онҳо 24 октябр оғоз ёфта, 4 ноябр ба анҷом хоҳад расид.

Ҳусайнӣ: “Касе напурсид, ин амал қонунист, ё на”

Ба қавли Саидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон аз Ҳизби наҳзати исломӣ, ин таътилро Шукурҷон Зуҳуров -- раиси Маҷлиси Намояндагон эълон кардааст. Оқои Зуҳуров гуфтааст, баъзе аз вакилон аз ӯ хостаанд, дар давраи таблиғоти номзади ҳизбашон ба курсии президентӣ онҳоро аз кори парлумон озод намояд.

“Шукурҷон Зуҳуров гуфт, бо ин дархости худ вакилон гуфтаанд, бояд ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарҳо анҷом дода, номзади худро таблиғ кунанд. Ба ин тартиб, тасмим шуд, ки кулли парлумон аз 24 октябр то 4 ноябр ба истироҳат меравад”,-гуфт Саидумар Ҳусайнӣ. Муовини раҳбари ҲНИТ мегӯяд, суоли ӯ дар мавриди то куҷо қонунӣ будани ин амали парлумон аз тарафи дигар ҳамкасбонаш бе ҷавоб мондааст.

Шабдолов: “Истироҳат барои шахсони боэътимод аст”

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ва вакили ин ҳизб дар парлумон, ҳам мегӯяд, шахсан мухолифи он аст, ки парлумон ба таври худсарона фаъолияташро қатъ кунад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, бар асоси қонун бояд танҳо шахсони боэътимоди номзад ба курсии президентӣ ба истироҳат бароянд. “Он шахсони боэътимод, ки аз тарафи Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) сабти ном шудаанд, дар арафаи интихобот метавонанд ба корҳои таблиғотӣ машғул бошанд. Қонун бояд муайян кунад, ки то чанд вакил метавонад шахси боэътимод бошад. Аммо ин бора дар қонуни амалкунандаи интихоботи президентӣ чизе гуфта нашудааст”,-афзуд Шабдолов.

Ватанов: “Қонун манъ накардааст”

Ин дар ҳолест, ки Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумон аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), мегӯяд, машғул шудани вакилон ба таблиғи номзади ҳизби худ берун аз салоҳияти фаъолияти парлумонӣ нест. “Ин истироҳати берун аз нақшаи парлумонӣ буда, барои ин даҳ рӯз ба вакилон маблағи сафари хидматӣ дода намешавад. Набояд фаромӯш кард, ки ин амал аз ҷониби қонунгузории Тоҷикистон манъ нашудааст”,-изҳор дошт Ватанов. Номбурда мегӯяд, вақте ӯ аз рӯйи феҳристи ХҲДТ вориди парлумон шуд, пас, чаро имрӯз барои ин ҳизб кумак накунад?

Ҳуқуқшинос: “Таътили 10-рӯзаи парлумон қонуншиканӣ аст”

Маҳмадалӣ Ватанов дар ҳоле ин амали парлумонро қобили қабул медонад, ки ба гуфтаи ҳуқуқдон Файзиннисо Воҳидова ба истироҳати 10-рӯза фиристодани вакилони мардумӣ комилан хилофи қонунгузории кишвар аст. Хонум Воҳидова бар ин назар аст, ки бо ин амали худ Маҷлиси Намояндагон ба таври дағалона бандҳои қонун “Дар бораи интихоботи президентӣ” ва “Дар бораи интихоботи парлумонӣ”-ро вайрон кардааст.

“Дар қонунгузории Тоҷикистон омадааст, ки барои интихоботи президентӣ ҳокимияти қонунгузор ва додгоҳӣ бояд дахолат накунанд. Ҳамчунин, дар қонун омадааст, ҳеч мансабдор, аз ҷумла вакилон набояд бо корҳои таблиғотӣ дар ин маъракаи сиёсӣ даст зананд”,-мегӯяд Файзиннисо Воҳидова.

Ин ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик дар идома афзуд, ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд барои худсарона ба таътил фиристодани вакилон парлумони Тоҷикистонро ба додгоҳ бикашад: “Зеро қонун дар бораи вакилони мардумӣ пешбинӣ кардааст, ки онҳо дар як сол як бор ҳуқуқи ба таътил рафтанро дошта, танҳо дар сурати пеш омадани ҳолатҳои изтирорӣ ё фавқулодда ба онҳо истироҳат дода мешавад. Аммо ин истироҳати вакилон дар ҳолати изтирорӣ нест. Ин “прогул” аст. Тибқи қонунгузорӣ дар ҳолати се соат ба ҷойи кор наомадан, коргар бояд сабукдӯш карда шавад. Модоме ки вакилон аз ҲХДТ шаҳодатномаи шахси боэътимоди Эмомалӣ Раҳмонро надоранд, онҳоро бояд аз кори парлумон ронд.” Ҳуқуқдони тоҷик бовар дорад, парлумони Тоҷикистон танҳо ба хотири исботи садоқати худ ба ҳукумат ба ин кор даст задааст.

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, аз 63 курсӣ иборат аст, ки бештар аз 80 дарсади он ба намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ марбут мебошад. Бино бар иттилои расмӣ, то имрӯз аз тарафи Кумисюни марказии интихобот танҳо се вакил -- Шодӣ Шабдолов (ҲКТ), Амир Қароқулов (ҲАТ) ва Олимҷон Салимзода (ҲХДТ) расман ҳамчун шахсони боэътимоди номзадҳо ба мақоми президентӣ сабти ном шудаанду бас.
Мӯҳр
Мухаммад
Апаи Файзинисо вакте,ки системаи конунбарор худ фасоду конуншикананд пас ин чомеаро чи интизораст?

Абдулло
Ба Файзинисо Вохидова гуфтаниям ки вакте "Хокимият"- ро аз "Фраксия" фарк намекуни ва анорро бо анор монанд карда ташбех мекуни чи гапи бехуда мезани!!!
Аввал фарки хокимията аз фраксия фахм баъд гап зан охир инчо суди Турачонзодахо нест ку!!!!!

Бовар
Дар Тоҷикистон ҳама рукнҳои ҳокимият ба ҳокимияти иҷроия,яъне президент тобеъ аст-- ҳам ҳокимияти додгоҳӣ, яъне судӣ, ҳам ҳокимияти қонунбарор ва ҳам ҳокимияти чаҳорум--расонаҳои хабарӣ. Ин аст демократия бо равиши тоҷикистонӣ! Инро ҳама ба фронти хушомадгӯӣ рафтани вакилони мардумӣ бори дигар нишон дод. Ин дар ҳолест, ки ҳама чаҳор рукни ҳокимият, бар асоси талаботи ҷомиаи демократӣ, бояд ҳар яке аз ҳамдигар ҷудо ва озод бошад... Вале дар мо ҳама балегӯи ҳокимияти иҷроия, яъне як нафар, ки он Эмомалӣ Раҳмон аст.

Пешниход тамоми рохбарон ва кормандони корхона ташкилотхо чамииятхои сахоми мактаб духтурхона хама ба татил чавоб дода шавад Бе ин хам корро дар Точикистон Хитоихо анчом медиханд

М. НАЗАРЗОД
Журналистон хам парвардаи хамин хоку сарзамини мукаддасанд, бояд матлаберо ифшо кунанд, ки ба такомули сохахои гуногуни Ватани азиз нигаронида шуда бошад, на балки аз маколаашон буи гараз бирасад. набояд фарофуш кард, максади Парлумон хам аз ин кор сахм гузоштан дар Интихоботи Президетист.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)