“Mercury Prize”-ро имсол Ҷеймс Блейк гирифт
Ҷеймс Блейк, мусиқанавози бритониёӣ ҷоизаи маъруфи “Mercury Prize”-ро ба худ ихтисос дод.
Ба иттилои New Musical Express Блейк ин ҷоизаро барои албоми “Overgrown” соҳиб шудааст. “Overgrown” моҳи апрели соли 2013 нашр гардида, дар сабти он Брайан Ино ва рэпсаро RZA саҳм гузоштаанд.
Ҷоизаи “Mercury Prize” соли 1992 таъсис ёфтааст. Он барои маҷмӯаҳои беҳтарини бритониёӣ ё ирландӣ тақдим мешавад.
Нахустин ҷоизадори “Mercury Prize” гуруҳи Primal Scream бо албоми “Screamadelica” гардида буд. Овозхон Пи Ҷей Харви нахустин мусиқанавозест, ки ду маротиба ин ҷоизаро соҳиб шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |