Хуруҷи дарди меъдаи Зайд Саидов дар боздоштгоҳ
Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи мурофиаи Зайд Саидов, аз се вакили мудофеи ӯ хостааст, то дархости худро дар бораи ташхиси ДНК як бори дигар пешниҳод кунанд. Вай ин ҳарфҳоро рӯзи 31 октябр дар сӯҳбат бо Шӯҳрат Қудратов, Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров – вакилони мудофеи раҳбари боздоштшудаи Ҳизби Тоҷикистони нав дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баён доштааст.
Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеи оқои Саидов, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “дар мурофиаи қаблӣ Зайд Саидов эътироз кард, ки агар ташхис дубора гузаронда нашавад, дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат нахоҳад дошт. Ҳоло раисикунандаи мурофиа гуфт, мо як дархости дигар бо ҳамин мазмун дошта бошем.” Ин вакили мудофеъ афзуд, ҳоло бо далели бад шудани вазъи саломатии Зайд Саидов аз Шавкат Абдулхайров хостаанд, то рӯзи 7 ноябр танаффус эълон кунад.
Қарор аст, баъд аз анҷоми танаффус вакилони Зайд Саидов дархости худро барои гузаронидани ташхиси ДНК берун аз Тоҷикистон ба додгоҳ пешниҳод намоянд. Исҳоқ Табаров мегӯяд, баъд аз рад гардидани пешниҳоди қаблиашон оид ба гузаронидани ташхиси ДНК вазъи саломатии Зайд Саидов бад шуда, дарди меъдааш дигарбора авҷ гирифтааст.
Зайд Саидов рӯзи 23 октябр бо изҳори нобоварӣ ба мустақилӣ ва беғаразии Шавкат Абдулхайров -- додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи парвандааш эълон карда буд, дар мурофиаҳои баъдӣ иштирок нахоҳад кард. Ин эътирози Зайд Саидов баъд аз он буд, ки додгоҳ дархости ӯ ва се вакилашро дар бораи ташхиси генетикӣ дар парвандаи аввали “таҷовуз ба номус” ва тағйири додрас дар ин мурофиаи додгоҳӣ рад кардааст. Онҳо дархост карда буданд, ташхиси генетикӣ бояд дар яке аз давлатҳои Аврупо гузаронда шавад ва харҷи онро тарафи Зайд Саидов пардохт хоҳад кард.
Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов 12 сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта, паси дарҳои баста ҷараён дошт. Мақомот оқои Саидовро, ки 19 май, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, боздошт шуда буд, дар қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, ришват, сирқати амволи давлатӣ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси ду ноболиғ муттаҳам медонанд. Гуруҳи тафтишотӣ мегӯяд, яке аз ин ноболиғон аз оқои Саидов фарзанд дорад ва ташхиси хунӣ ё ДНК-и он дар яке аз лабораторияҳои хусусии Русия гузаронда шудааст, ки ба нафъи раҳбари Тоҷикистони нав нест. Аммо Зайд Саидов ва вакилони мудофеи ӯ ин ташхиси хуниро ғайриқонунӣ медонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |