Бахшҳо
31 окт 2013 09:50Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Коммунистҳои Тоҷикистон мегӯянд, аз муллоҳо дигар "наметарсанд"

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) мегӯяд, минбаъд ходимони дини Ислом ё худ муллоҳоро низ ба узвияташ шомил хоҳад кард. Як манбаъ дар Ҳизби коммунист гуфт, тибқи тағйиру иловаҳои воридшуда ба ойиномаи ҳизб пайравони ҳамаи адён, бахусус рӯҳониёни исломӣ метавонанд узви Ҳизби коммунистӣ шаванд.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, дар ойинномаи ин ҳизб омадааст, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ки синнаш ба 18 расидааст, сарфи назар аз мавқеи мазҳабӣ ва миллаташ метавонад узви Ҳизби коммунистӣ шавад. Ӯ афзуд, ин иқдом ба хотири рушду пешрафт ва фаъол гардидани ҳизб гирифта шудааст: "Ҳизби коммунисти Чин соли 1957 муносибати худ бо динро тағйир дод, ки ин боиси ба сардӣ гароидани равобиташ бо Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ шуд. Вале ахиран дидем, ки дуюмӣ рӯ ба таназзул оварду Ҳизби коммунисти Чин ҳамоно вуҷуд дошта, фаъолтар гардидааст. Аз ин рӯ, мо дар ойинномаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон муносибат бо динро комилан дигар кардем."

Манбаи мо мегӯяд, Ҳизби коммунист низ мисли дигар аҳзоб сиёсӣ буда, бояд ҳамқадами замона ва дар якҷоягӣ бо ҷомеа такмил ёбаду шомили муносибатҳои нав гардад: “Вале азбаски раҳбарияти онвақтаи Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ синну солаш ба пирӣ расида буд, навгониро қабул надошт.”

Мусоҳиби мо меафзояд, дар сурати ворид шудани рӯҳониён ё худ пайравони дини мубини Ислом ба ин ҳизб ба онҳо ҳеч як кадом маҳдудияте дар рафти иҷрои фаризаҳои динии худ таҳдид намекунад: “Ҳамаи мо мусулмон ҳастем ва Худоро яккаву ягона ва Муҳаммад (с)-ро расули ӯ медонем. Аммо бояд давлат аз дин ва масҷид аз мактаб ҷудо буда, рӯҳониёни исломӣ ё худ муллоҳо фаъолияти касбии муллогии худро ҳамчун манбаи даромад истифода накунанду дар баробари коммунистҳо бояд дар ҷомеа кор ва маош гиранд.” “Аксари кодекси ахлоқии бинокори коммунизм аз китобҳои илоҳӣ, бахусус китоби Қуръон гирифта шудааст, ки ба баробарию бародарӣ, дӯстию рафоқат ва эҳтироми якдигару дурӣ аз истисмори инсонҳо ташвиқ мекунад. Яъне, ахлоқи бинокори коммунизм фишурдаи маҷмӯи ахлоқи исломӣ мебошад”,-афзуд ин масъули Ҳизби коммунист.

Инчунин, мусоҳиби мо дар масоили мавқеи ва масъулияти масоҷид дар Тоҷикистон низ дахл карда, афзуд, масҷидҳо бояд макони ибодат ва парастиши Худованд бошанду танҳо дар онҳо арзишҳо ва аркони динӣ тавсифу баррасӣ шаванд ва набояд ин маконҳо ба як маҷлисгоҳ табдил ёбанд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ки дар гузашта ҳамчун ҳизби яккатоз дар сиёсати Шӯравӣ ба шумор мерафту давоми беш аз 20 сол аст, раҳбарияти онро Шодӣ Шабдолов бар дӯш дорад, ҳоло ба гуфтаи масъулонаш дорои 45 ҳазор узв мебошад. Ин ҳизб, ки ҳамчун ҳизби парлумонӣ маҳсуб шуда, дар ин ниҳоди қонунгузории Тоҷикистон чаҳор намоянда дорад, то кунун дар интихоботҳои президентӣ ва парлумонии кишвар бо номзадҳои худ вориди корзор шуда, дар интихоботи президентии 6 ноябр Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҳизб худро номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардааст.
Мӯҳр
Усто
Коммунистхои ашаддиеро медонам, ки пас аз фурупошии СССР аз ин хизб даст кашиданд, холо он ки каблан чонфидои хизб махсуб меёфтанд. Хеч мулло аъзои ин хизб шояд нашавад, чунки дар гузаштаи начандон дур махз хамин хизб буд, ки решаи муллохоро аз осиёи миёна канда партофт. Далел хамон бадарга кардан ба Сибиру кушта ва зиндон кардани ходимони дин аст.

Гиёси шахри Душанбе
Бародари азиз Усто дар хакикат гапи дурустро нисбати он ашхосе, ки то пошхурдани СССР худро чонфидои Хизби Коммунист буданд иброз намудаи. Бале дар хакикат хам дуруст гуфтаанд, ки дурруя харду бари руяш сиёх мешавад. Чи солхои пеш ва чи дар ин давра хам буданду хастанд ашхосе, ки ба хотири мансаб, фоида ба даст овардан, дар ин ё он хизб шомил мешаванд. Аммо вакте аз сари мансаб рафтанд ё аз фоида ба даст овардан пеши рохашон баста шуд, дар як они вохид худро ба дигар тараф мекашанд ё ин ки даст ба хиёнати ватану миллат зада, чосуси кадоме аз давлатхои хоричи мешаванд. Аммо комунистони матин ирода то хануз на танхо дар Точикистон балки дар тамоми дунё хастанд ва боки хоханд монд. Дигар ин ки як маротиба даст ба болои дил бареду мардонавор тан дихед, ки Мусулмони хам, муллоги хам дар замони СССР ва Хизби Коммунист кадру кимат дошт. Аммо бо ном он муллхову эшонхое , ки пули Лениниро ба чайб мезаданду дар баробари ин ба халку миллат хиёнат мекарданд, тибки талаботхои конунгузори дар хакашон чора меандишанд. Вале имруз бубинед, давлат барои тоату ибодат хамаи шароитхоро дучанду сечанд афзун сохтааст. Натичааш чи. Натичааш, пеши по задани фармудахои Худованди Кариму Рахим ва Куръони Азиму Шаън, таксим шудани муллохо ба салафию, вахобию, бахови ва хоказохо. Хамзамон ба корхои аз хулку атвори инсони дур даст задани баъзе домуллохои навбаромад. Имруз вокеан хам аксарияти мардуми точик назар ба он доранд, ки дини Ислом хакикат хам дар замони СССР ва Хизби Коммунист нуфуз дошт ва баркати он аз хама афзун буд. Аз ин хотир эхтиромона хохиш мекунам, аввал андеша баъд гуфтор, зеро аз Худованд Бузургтару Донотар маъбуде нест. Хохем нахохем, касе ки набошад, имруз ё фардо барои амалхояш чавоб хохад гуфт.

abu foteh
pashmina ba bar kardivu be zavq tapidi.
on guna tapidi ki ba joe narasidi.
shumo komunistho dar 70 soli shuravi chikor karded ki imruz davoi davlatdori mekuned sharm dored

Точикбача(1)
Магар хамин шумохо набудед, ки Самарқанду Бухорои точикоя ба узбако додеду бисёр уламои хақиқии Осиёи Марказиро решакан кардёд ва ба ин амалатон байни точикою узбако тухми нафратро коридед? Боз имруз худро точик мехисобед? Хеч вақт шуморо нахохам бахшид. Иншоаллох ба ин амалхоятон дар назди халқу Худованд чавоб хохед гирифт.

Точикбача(1)
Озодагон! Барои чи чоп намекуни? Дуюм маротиба мешавад, ки менависам, чоп намекуни. Агар инро хам чоп накуни, ба мустақил будани ту бовар намекунам, агап чоп накуни, маълум мешавад, ки ту кисаги мебоши. Ман аз ту сахт хафа шудам...

КПСС
ХИЗБИ КОММУНИСТ ХАМА ВАКТ ДАР КАНОРИ ФАКИРОН ВА САГИРОН БУД.МОЛИКИЯТИ БАРОБАР ВА УМУМИХАЛКИ,АДОЛАТРО МЕПАРВАРИД.ХИЗБИ КОММУНИСТИИ ТОЧИКИСТОН ХОЛО ЧУНИН НЕСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)