Сафорати Тоҷикистон VS Роҳи оҳани Тоҷикистон. Кӣ ҳақ?
Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 29 октябр бо нашри як баёния аз вокуниши оромонаи ширкати Роҳи оҳани кишвар ба шабохуни миллатгароёни рус ба қатори Маскав-Душанбе изҳори нигаронӣ кардааст. Масъулони сафорат гуфтаанд, вокуниши Роҳи оҳан ба ин масъала бояд хеле ҷиддӣ ва бидуни хотирбинӣ бошад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамлаи миллатгароёнро танҳо “сангпартоии 1-2 кӯдак ба сӯи қатор” арзёбӣ карда, онро ҷиддӣ надонистанд ва ҳам гуфтанд, “ба ин масъала набояд обуранги сиёсӣ дод”. Агарчӣ баъдан Владимир Собкалов, муовини раиси Роҳи оҳан дар сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт, ҳатман аз мақомоти Русия ҷуброни зиёни расидаро хоҳанд хост. Намояндагиии дипломатии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, “вақте мушкил ба миён омад, онро бояд эътироф кард ва пайи ҳаллаш музокира намуд. Агар ин қазияро ҷиддӣ баррасӣ накунем, ин ба як нав тенденсияи номатлуб мубаддал хоҳад шуд.” Сафорат дар идома афзудааст, “қаторҳои кишвари мо ин таҷрибаи ҳангоми убури қаламрави ин ё он ҳамсоякишвар мавриди "сангборон" қарор гирифтанро пушти сар кардаанд. Ин ҳаводис набояд дар Русия низ "анъана" шавад.”
Масъулони сафорат аз изҳороти оромонаи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки ҳамлаи миллатгаронёро "сангпартоии як-ду кӯдаки рус ба қатор" арзёбӣ карда буданд, тааҷҷуб намуда ва гуфтааст, ин изҳороти “Роҳи оҳани кишвар ҷуз таскини бардурӯғи худамон маънои дигаре надорад”. “Наметавонад 1-2 кӯдак 6 тирезаи қатораи даргузарро бишканад",-таъкид шудааст дар баёнияи сафорат.
Намояндагии дипломатии Тоҷикистон гуфтааст, ҳамлаи миллатгароён танҳо бофтаи хаёли Сафорат нест, “ба мо аз намояндагии КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар Русия расман шикоят оварданд, ки чунин шудааст. Бубинед, як рӯз пас айнан ин ҳаводис бо хатсайри Маскав-Хуҷанд низ рух дод. Бинобар ин, ҳамагуна мушкилоти бамиёномада бояд саривақт, ҷиддӣ ва бо дарки масъулияти ҷонибҳо баррасӣ ва ҳал шаванд”
Шаби 26 октябр гуруҳи беш аз 20-нафараи афроди номаълум, бо симои славянӣ ва шиорҳои миллатгароёна ба қатори самти Маскав – Душанбе ҳамла намудаанд, ки дар натиҷа мусофирон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Сафорати Тоҷикистон аз он нигаронӣ дорад, ки пулиси маҳаллӣ ва кормандони роҳи оҳани Русия, ки зимни ин ҳамла дар ҷои ҳодиса ҳузур доштаанд, ягон аксуламале нишон надодаанд, то аз ин шабохун ҷилавгирӣ шавад.
Дар ҳамин ҳол сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз ниҳодҳои Русия талаб дорад, ки қазияи мазкурро мунсифона таҳқиқ намуда, ҷуброни зарареро, ки ба корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” расидааст, бипардозанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |