Шиносномаҳои дохилии Тоҷикистон боз иваз мешаванд
Интизор меравад, дар соли 2014 шиносномаи нави дохилии Тоҷикистон нашр ва мавриди истифода қарор бигирад. Дар ин бора Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон, дар як сӯҳбат бо “Озодагон” хабар дод ва гуфт, ҳоло ин масъаларо Вазорати умури дохилӣ баррасӣ дорад.
Ба қавли манбаъ, шиносномаи нав танҳо барои дохили кишвар буда, шиносномаи хориҷиро иваз нахоҳад кард. Вале, гуфт ӯ, ин шиноснома бештар ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Оқои Наҷмуддинов афзуд, ҳоло барои нашри шиносномаҳои нав аз ниҳоди таҳти роҳбарии ӯ ҳудуди 12 миллион сомонӣ дархост шудааст.
Вай афзуд, “дар умум барои иваз кардани шиноснома аз буҷаи давлат маблағ ҷудо нагардида, вазорат барои ин кор қарз медиҳад. Мо қарзро барои нашри шиносномаҳо ба мӯҳлати 1 сол ҷудо хоҳем кард. Баъд аз нашри шиноснома, нархи он муайян мегардад, ки аз ҳамон ҳисоб ин қарзҳо пӯшонида мешавад.”
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, замони ҷорӣ кардани шиносномаи биометрӣ низ вазорат 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи давлат ҷудо карда буд, ки ин қарзҳо дар муҳлати 6 моҳ баргардонида шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |