Сербия ва Корея рақибони тими миллии Русия
Иттиҳоди футболи Русия (ИФР) рақибони тими миллии кишвар дар бозиҳои рафиқонаро номбар кард.
Торнамои ИФР навиштааст, ки 15-уми ноябр яккачини Русия бо мунтахаби Сербия ва баъди чор рӯз бо тими миллии Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад. “Ҳар дуи ин дидорҳо дар Аморати муттаҳидаи Араб баргузор шуда, макон ва вақти дақиқи онҳо баъдан эълон хоҳад шуд”,-навиштааст манбаъ.
Тими миллии Русия дар рейтинги нави ФИФА дар мақоми 19-ум аст. Кореяи Ҷанубӣ дар ҷои 56 ва Сербия дар зинаи 28-ум нишастаанд.
Мунтахаби Русия то ин вақт ду маротиба бо тими миллии Сербия бозии дӯстона анҷом додааст. Соли 2008 русҳо ҳарифи худро бо ҳисоби 2:1 ва соли 2011 бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуданд. Аммо бо яккачини Кореяи Ҷанубӣ ягон маротиба бозӣ накардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |