Ҳайрат: Чаро Сафорат нота мефиристаду Роҳи оҳан мегӯяд, "чизе нашудааст"?
![](https://www.ozodagon.com/uploads/posts/2013-10/1383036202_hilvatsho.jpg)
Хилватшоҳи МАҲМУД
Ҳаводиси чанд вақти ахири дар кишварамон иттифоқ уфтода ва дар хориҷ аз онро, ки ба Тоҷикистон рабт доранд, ҷуз ҲАЙРАТ чӣ ҳам метавон унвон кард? На танҳо ман, балки аксари мо шоҳиди рухдодҳои “аҷиб”-е мебошем, ки бозтоби ин қазияҳо дар расонаҳову ҷомеа боиси тааҷҷубу сардаргумӣ мешаванд.
Фикр мекунед, ғалат гуфтам? На, ман чунин андеша надорам, мутмаинам, ки Шумо ҳам ба ин назаред. Агар ҳа, биёед, аз як сар бубинем, ки чӣ шуда ва чӣ мешавад?
Даҳаи аввали моҳи равон дар пойтахт садамаи нақлиётӣ боис ба марги се ҷавон гардида, чанд каси дигар бо захмҳои шадид ба касалхона интиқол ёфтанд. Субҳи фардои он рӯз эълом гардид, ки дар сари чанбараки сабукрави гаронарзиш пайванди як мансабдори ҳукумат будааст. Аммо бо гузашти чанд соат хабаре расонаӣ шуд, ки мошинро фарзанди ҳамон мансабдор идора мекарду алъон Тоҷикистонро тарк намудааст. Баъдан, ронандаи сеюми “номаълум” ҳам пайдо шуд…
Мақомот изҳорот пахш кард, ки мошин таҳти идораи фарзанди ноболиғи мансабдор буд ва ӯ ҳоло аз хориҷа ба Душанбе баргашта, дар яке аз бемористонҳо таҳти муоинаи табибон қарор дорад. Соате нагузашта, ВАО маълум кард, ки ноболиғи ронанда фақат «як сари қадам» ҳамроҳ бо модараш ба касалхона даромадааст. Оё ин ҳама сабаби ҳайрат шуда наметавонад?
Тазодди дигар ин ҷост, ки Сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор дошт, 26 октябри соли ҷорӣ дар минтақаи истгоҳи техникии роҳи оҳани “Терновка” як гурӯҳи 20-нафараи ҷавонон, ки ба славянҳо монанд буданд, ба қатори №320 (хатсайри Маскав-Душанбе) ҳамла карданд. Дар натиҷа, баъзе аз мусофирон осеб дида, 20 шишаи 1-ум ва 7-уми вагонҳои қатор шикаста шуданд ва ин амал бо таҳқиру алфози қабеҳи ҳамлагарон ба мусофирон шудааст. Манбаъ инчунин гуфта, ки пулиси нақлиётии маҳаллӣ ва кормандони роҳи оҳан, ки он замон он ҷо қарор доштанд, ҳеҷ чорае наандешиданд.
Шояд ин дафъа хабари мазкур боис ба ҳайратамон намешуд, агар ҳарфҳои як масъули баландпояи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро намешунидем. Ӯ гуфта, ки "аслан, ба қатор ягон ҳамлае нашудааст ва ба ин обуранги сиёсӣ додан нашояд. Мо аз ин қазия огоҳ ҳастем. Як-ду кӯдаки рус ба қатор санг партофтаанд, ки 6 тирезааш шикастааст…”
Дипломатҳои тоҷики Маскав иддао доранд, ки ба қатор ҳамла кардаанд, аммо мансабдори тоҷик инро рад карда, мегӯяд, ба қатор ягон ҳамлае нашудааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз ниҳодҳои Русия талаб дорад, ки қазияи мазкурро мунсифона таҳқиқ намуда, зараре, ки ба корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” расонда шудааст, ҷуброн гардад.
Хайрият, дар гармогармии ин ҳодиса муовини сардори идораи «Роҳи оҳан» масъулияти бештар эҳсос карда, ҳамла ба қаторро эътироф кард. Собкалов ба далел такя карда гуфт, воқеан ба поезд аз сӯи миллатгароёни рус ҳамла сурат гирифтааст. “Баъд аз расиданаш ба Тоҷикистон мо ҳаҷми зарарро муайян карда, аз роҳи оҳани Русия ва мақомоти умури дохилии ин кишвар таҳқиқу ҷуброни зарарро талаб хоҳем кард. Бо мусофирони ҷабрдида суҳбат хоҳем кард ва ҳаҷми зарари онҳоро низ муайян месозему ҷуброни онро талаб мекунем”,-илова кард Собкалов.
Ҳоло дар мавриди вокуниши ниҳодҳои Русия ҳеч иттилое рӯи даст нест, шояд изҳороти онҳо ҳам боиси ҳайратамон мешавад?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |