Сафари сарвазири қирғиз ба Маскав ва баҳси масоили муҳоҷират
Жанторо Сотиболдиев, сарвазири Қирғизистон дар садри як ҳайати бузург озими Маскав мешавад, ки дар доираи ин сафар масоили муҳоҷират низ миёни ду ҷониб ба баррасӣ гирифта хоҳад шуд.
Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Доскул Бекмурзаев, котиби матбуотии Вазорати меҳнати Қирғизистон дар ин бора зимни нишасти хабарие ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, гуфтааст, ин сафар аз 19 то 21 ноябри соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт.
Бекмурзаев дар посух ба суоли хабарнигорон, ки Вазорати меҳнати Қирғизистон ба ҳаводиси ноҳияи Бирюлевои Маскав чӣ вокуниш нишон хоҳад дод, гуфтааст: “Замоне шаҳрвандони мо дар кишварҳои хориҷ қонуншиканӣ намоянд, мо чӣ гуфта метавонем. Мо наметавонем бо қонунҳои худ вориди Хонақоҳи бегона шавем. Танҳо метавонем корҳои фаҳмондадишӣ миёни диаспораи худ ва марказҳо гузаронем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |