Ширкати малайзиягӣ дар Тоҷикистон маркази 400 млн $-ӣ месозад
Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати «HOS International Trading SDN BHD»-и Малайзия барои сохтмони маркази барқу гармидиҳии Шӯроб дар ноҳияи Исфара шартномаи консенсиявиро ба имзо расонд.
Тавре аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, шартномаи мазкурро раиси Кумита Давлаталӣ Саидов ва директори иҷроияи ширкат Субраманиам Ратнавели имзо намуданд.
Ба иттилои манбаъ шартнома, азнавсозӣ ва истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолии ҶСК «Ангишт», лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи тиҷоратии Маркази барқу гармдиҳии «Шӯроб»-ро дар бар гирифтааст.
Кумитаи сармоягузорӣ мегӯяд, маркази барқу гармдиҳии «Шӯроб» бо иқтидори истеҳсолии 300 мегават нерӯи барқ бо ҷалби беш аз 400 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим бунёд карда мешавад. Дар назар аст, ки бо дарназардошти ба кор андохтани иқтидорҳои нави ҶСШК «Ангишт» ва ба фаъолият шурӯъ намудани «Шӯроб» то 1000 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |