Муовини Ҳукумов: Мо аз Русия ҷуброн талаб хоҳем кард
Владимир Собкалов, муовини Амонуллоҳ Ҳукумов, раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” таъйид намуд, ки воқеан ба қатори Тоҷикистон дар Русия аз тарафи миллатгароён ҳамла сурат гирифтааст.
Собкалов, имрӯз, 29-уми октябр, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, қатори мавриди ҳамла қароргирифта, айни ҳол дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон аст: “Баъди расиданаш ба Тоҷикистон мо ҳаҷми зарарро муайян карда аз роҳи оҳани Русия ва мақомоти умури дохилии ин кишвар таҳқиқу ҷуброни зарарро талаб хоҳем кард. Бо мусофирони ҷабрдида суҳбат хоҳем кард ва ҳаҷми зарари онҳоро низ муайян месозему ҷуброни онро талаб мекунем.”
Собкалов таъкид намуд, ки хисороти ин ҳамла шояд зиёд набошад ва гап сари он ҳам нест, вале ҳамла ба қатор ин зуҳуроти номатлуб аст ва бояд маҳкум шавад: "Мақомоти дахлдор онро бояд мавриди таҳқиқ қарор диҳаду аз такрори он ҷилавгирӣ кунанд."
Ин дар ҳолест, ки чунин зуҳурот метавонанд, боиси коҳиши теъдоди мизоҷони роҳи оҳани Тоҷикистон гардад.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шабохуни миллатгароён ба қатори хатсайри Маскав-Душанбе хабар дода, аз бефаъолиятии мақомоти дахлдори Русия изҳори нигаронӣ кардааст.
Тавре Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба “Озодагон” хабар дод, шаби 26-уми октябр, тақрибан соати 23:15 дақиқа, гуруҳи беш аз 20-нафараи афроди номаълум, бо симои славянӣ ва шиорҳои миллатгароёна ба қатори самти Маскав – Душанбе ҳамла намудаанд, ки дар натиҷа мусофирон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Ба иттилои манбаъ ҳамлагарон тирезаҳои 7 вагони ин қаторро шикаста, ба он зарар расондаанд.
Сафорат аз он нигаронӣ дорад, ки пулиси маҳаллӣ ва кормандони роҳи оҳани Русия, ки зимни ин ҳамла дар ҷои ҳодиса ҳузур доштаанд, ягон аксуламале нишон надодаанд, то ин шабохун ҷилавгирӣ шавад: “Зиёда аз ин ду нозири амниятии роҳи оҳан дар вилояти Астрахан, ки бояд ин қаторро то сарҳади Русия ҳамроҳӣ мекарданд, дар баробари ҳуҷуми афроди номаълум бефаъолиятӣ нишон додаанд ва ҳатто ба мақомоти дахлдори Русия иттилоъ надодаанд.”
Дар ҳамин ҳол сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз ниҳодҳои Русия талаб дорад, ки қазияи мазкурро мунсифона таҳқиқ намуда, зараре, ки ба корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” расонда шудааст, ҷуброн гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |