Бонки ҷаҳонӣ: Тиҷорат дар Тоҷикистон мушкилтар шудааст
Бонки ҷаҳонӣ гузориши ҷадиди худ, зери унвони “Пешбурди тиҷорат 2014”-ро нашр кардааст, ки Тоҷикистон дар он ду зина ақиб рафта миёни 189 давлати дунё ҷойи 143-юм гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта Тоҷикистон аз рӯи осонии пешбурди тиҷорат дар зинаи 141-ум қарор дошт.
Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ зимни раддабандӣ, 10 нишондод, аз ҷумла сабти корхона, гирифтани иҷозатнома барои сохтмон, таъминот бо барқ, сабти моликият, қарзгирӣ, ҳимояи сармоягузор, андозбандӣ, тиҷорати байналмилалӣ, таъмини иҷрои созишномаҳо ва ҳалли муфлисшавиро ба назар гирифтаанд.
Бонки ҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки оғози тиҷорат дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта мушкилтар шуда, ҳимояи сармоягузорон низ заифтар гардидааст. Дар масъалаи таъминот бо барқ дар Тоҷикистон нисбат ба соли қаблӣ тағйироте рух надодааст ва аз рӯи ин нишондод Тоҷикистон дар зинаи 186-ум, ё худ дар сегонаи кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст, ки дастрасӣ ба барқ дар онҳо мушкилтарин аст. Дар баробари ин Бонки ҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки дар муқоиса бо соли қаблӣ дастрасӣ дар Тоҷикистон ба қарзҳои бонкӣ васеътар шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |