Вазири кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо раиси гурўҳи парлумони Британияи Кабир Лорд Вейверлӣ дар Душанбе мулоқот анҷом дод.
Тавре аз маркази матбуоти вазорати кишоварзӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ҳадафи аслии ин нишаст густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ва омода намудани маълумотҳо барои ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаи кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар оғози вохурӣ вазири кишоварзӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Британияи Кабир мусби арзёбӣ намуда, қайд кард, ки ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003-юм ин ҷониб бо вазорати рушди байнулмиллалии Британияи Кабир, ки дар сафоратхонаи ин давлат дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ҳамкории зич дорад.
Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки вазорати рушди байнулмиллалии Британияи Кабир дар ҳамшарикӣ бо ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳоди байнулмиллалии донорон ҳамкориҳоро доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ дастгирии амалишавии барномаҳое, ки ба паст гардонидани камбизоати дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад равона гардидааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ 5 корхонаи пуриқтидор дар ҳамкорӣ бо Британияи Кабир фаъолият менамоянд.{jathumbnail off}
Мӯҳр