ВИДЕО: Ҷавоби сокинон ба суоли “аз номзадҳо киро мешиносед?”
Ин дафъа наворбардори “Озодагон” аз сокинони пойтахт пурсид, чанд нафар довталаби курсии президенти Тоҷикистон буда ва онҳое кадоме аз ин номзадҳоро мешиносанд. Агарчӣ баъзеҳо дар посух ба ин суол намедонистанд, чӣ ҷавоб бигӯянд, аксарият танҳо аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон ном мебурданд.
Танҳо яке аз назардиҳандагон аз Олим Бобоев, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Сайидҷаъфар Исмонов, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон ном бурд. Бархе аз назардиҳандагон ҳатто тахмин мезаданд, ки теъдоди номзадҳо даҳ нафар аст. Ин дар ҳолест, ки то замони баргузории интихоботи президентии Тоҷикистон камтар аз даҳ рӯзи дигар боқӣ мондааст.
Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор ва дар он шаш довталаби курсии президентӣ иштирок мекунанд. Дар оғоз ҳафт нафар довталаби ин курсӣ буданд, аммо ба далели пешниҳод накардани имзои гирдовардааш Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, дар Кумисюни марказии интихобот расман сабтином нашуд ва аз бозӣ берун гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |