Раиси НАНСМИТ ҳукми додгоҳи сайёри Мастчоҳро “сангин” хонд
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ 11 сол ҳукми зиндони Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷикро, “ҷазои сахту сангин” номид. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, далелҳои онҳо “фармоишӣ” будани қазияи Исмоиловро бозгӯ мекунад.
Оқои Қаршибоев дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ба андешаи мо, ҳоло бояд вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов аз болои ҳукми додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят барад. Шояд раисикунандаи ин парванда аз рӯи мақоли тухмдузд ҳам дузду шутурдузд ҳам дузд амал карда, бидуни ҳамаҷониба санҷидани далели ҷонибҳо чунин ҳукм баровардааст.”
Мусоҳиби мо дар идома афзуд, онҳо далоили зиёде дар даст доранд, ки аз фармоишӣ будани қазияи Муҳаммадюсуф Исмоилов ҳикоят мекунад: “Худи шахсияти даъвогарон одамро ба андеша водор мекунад, ки то кадом дараҷа ҷиноятҳое, ки ба Муҳаммадюсуф рабт додаанд, ҳақиқат дорад.” Вале раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, дар баррасии парвандаи Исмоилов маълум шуда, ки ӯ “воқеан, аз озодии баён сӯистифода кардааст”.
Додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 28 октябр хабарнигор ва сокини 53-солаи ноҳияи Ашт -- Муҳаммадюсуф Исмоиловро бо ҷурми “тамаъҷӯӣ” ва “сӯистифода аз мақом” ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ инчунин Исмоиловро ба пардохти 6 ҳазор сомонӣ пули ҷабрдидаҳо, ки гӯиё аз роҳи тамаъҷӯӣ ба даст овардааст, низ муваззаф сохт. Муҳаммадюсуф Исмоилов, собиқ хабарнигори ҳафтаномаи “Нури зиндагӣ”, соли 2010 низ ба гумони “тамаъҷӯӣ”, “маҳалгароӣ” ва “ихтилофандозӣ” боздошт шуда, танҳо дар моҳи октбяри соли 2011 таҳти фишори созмонҳои маҳалливу байналмилалии озодии баён озод гардида буд.Дар акс: Нуридидн Қаршибоев
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |