Комроншоҳ дар чемпионати ҷаҳон мақоми 5-умро касб кард

Ширин Маҳмадсафоев, дабири кулли Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонони солҳои таваллуди 1993 -1995, миёни 40 варзишгар мақоми 5-умро касб кардааст.
Маҳмадсафоев гуфт, “Комроншоҳ дар ин мусобиқоти бонуфуз натиҷаи хуб нишон дод. Ин барои аввалин бор аст, ки варзишгари тоҷик дар чунин мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ ҷойи намоёнро касб мекунад. Зеро ӯ аз миёни 40 нафар мақоми 5-умро соҳиб шуд.”
Мусобиқаи мазкур аз 24 то 27-уми октябр дар шаҳри Люблянаи Словения баргузор гардид, ки дар ин мусобиқот танҳо Комроншоҳи Устопириён Тоҷикистонро муаррифӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳи Устопириён чанд рӯз пеш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо байни навҷавонон медали тилло ба даст оварда буд. Ҳамчунин Комроншоҳ аввалҳои моҳи октябри соли равон дар мусобиқоти байналмилалии дзюдо, даврҳои Гран-прӣ дар Алмаатои Қазоқистон ва Тошканди Узбакистон барандаи медалҳои биринҷӣ гардида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |