Додхоҳии волидони маҳбуси дар дами марг аз президент
Волидони Муҳаммадиқбол Зоидов, маҳбуси зиндони “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат мегӯянд, фарзандашон дар пайи латту кӯби маъмурини маҳбасхона айни ҳол дар дами марг қарор дорад.
Шариф Зоидов, падари Муҳаммадиқбол, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ҳафтаи гузашта маҳбусон аз Муассисаи ислоҳии №2-и шаҳри Ваҳдат, ки бо номи “Кирпичний” маъруф аст, занг зада, хабари марги писарашонро расонданд: “Ман 25-уми октябр, пас аз шунидани ин хабар ба маҳбасхона рафтам, то асли воқеаро бифаҳмам. Ба ман гуфтанд, ки писарам намурда, балки дар дами марг аст. Писарамро дидам, баданаш ягон ҷои обод надорад. Аз зинда мондани фарзандам умедам канд ва ҳатто табиби маҳбасхона ба ман гуфт, ки 99 фоиз писаратон мурдааст.”
Шариф Зоидов аз он шикоят дорад, ки пас аз ин дидор масъулини маҳбасхона ба ӯ иҷозаи аёдати фарзандашро намедиҳанд: “Маҷбур шудам, имрӯз ҳамроҳи ҳамсарам ба назди Қасри Миллат омадам, то додамро ба президент гӯям. Аммо посбонҳо ба мо гуфтанд, ки президент имрӯз намешавад ва рафта дар дастгоҳи раисиҷумҳур шикояти хаттӣ нависед.”
Ба гуфтаи падари маҳбус, Муҳаммадиқбол Зоидов, соли 1987 таваллуд шуда, соли 2006 бо моддаи 249 (роҳзанӣ) қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |