Шикояти сокинон аз нақзи меъёри лимити барқ дар ноҳияи Қумсангир
Сокинони ноҳияи Қумсангир аз риоя нашудани меъёри маҳдудият ё худ лимити барқ дар ин минтақа шикоят доранд.
Мурод Алӣ, як сокини ин ноҳия дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ноҳияи Қумсангир барқ пеш аз вақти муайян кардаи ширкати “Барқи тоҷик” хомӯш карда мешавад. Ба гуфтаи ӯ, неруи барқ дар минтақаи мазкур аз соати 22:00 то 5-и субҳ хомуш мешавад. Дар ҳоле, ки бар асоси гуфтаҳои ширкати мазкур он бояд аз соати 23:00-и шаб то 5:00-и субҳ қатъ гардад.
Ширкати “Барқи тоҷик” ахиран аз ҷорӣ шудани маҳдудияти барқ ё худ лимит барои сарфаи обу энержӣ сар аз рӯзи 26-уми октябр дар Тоҷикистон хабар дода буд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” гуфт, мардуми навоҳии кишвар минбаъд аз соати 23:00-и шаб то 5:00-и субҳ барқ нахоҳанд гирифт. Ӯ таъкид намуд, ки ин иқдом ба хотири захираи об дар обанборҳои кишвар ва таъмини беҳтари мардум бо барқ дар фасли зимистон аст, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон имсол қаҳратун хоҳад буд.
Ба қавли Ёдгорӣ, ки ин маҳдудият ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов дахл надорад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ 10-уми октябр ҷорӣ гардида буд. Дар Тоҷикистон ҳамасола ба далели камбуди барқ дар фасли зимистон, зимни таъмини мардум бо нерӯ маҳдудияти барқ ҷорӣ мегарда
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |