Девонаев барои ҳалли мушкили муҳоҷирон озими Маскав шуд
Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон имрӯз, 28-уми октябр, озими Русия шуд.
Тавре Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” иттилоъ дод, дар назар аст, ки фардо, 29-уми октябр, Девонаев бо Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия созишномаи нав дар мавриди муҳоҷиратро ба имзо мерасонанд: “Имзои ин созишнома ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар қаламрави Русия барои 3 сол иҷозаи кор пайдо кунанд. Ҳуҷҷати мазкур имкон медиҳад, ки иҷозати 3-солаи кор бе хориҷ шудан аз қаламрави Федератсияи Русия дарёфт шавад.”
Гуфтугузор дар мавриди иҷозаи сесолаи кор барои тоҷикон дар Русия ҳанӯз тирамоҳи соли гузашта, дар пайи сафари Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба Душанбе садо доданд, аммо то ҳол муаллақ буд. Ахиран Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, зимни тасвиби созишнома дар бораи тартиби будубоши тоҷикон дар Русия аз Сафиаллоҳ Девонаев, сардори хадамоти муҳоҷирати кишвар хост, ки масъалаи иҷозаи сесолаи корро ҳал кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |