Муфтии Сурия: Алайҳи ҳукумати Асад 190 тоҷик меҷанганд
Аҳмад Бадриддин Ҳассун, муфтии аъзами Сурия теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ин кишвар алайҳи ҳукумат меҷанганд, 190 нафар арзёбӣ намудааст.
Муфтии аъзами Сурия гуфтааст, дар маҷмуъ алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Сурия 100 ҳазор ҷангҷӯи кироя аз 83 кишвар меҷанганд.
Аҳмад Бадриддин Ҳассун зимни сафараш дар Маскав гуфтааст, алайҳи ҳукумат дар Сурия то 8 ҳазор шаҳрванди Арабистони Саудӣ, 1700 шаҳрванд аз Чеченистон, 350 шаҳрванд аз Украина, 360 шаҳрванд аз Туркманистон, 250 нафар аз Қазоқистон, 100 шаҳрванд аз Озарбойҷон, 80 нафар аз Гурҷистон, 3 ҳазор аз Ироқ ва 290 шаҳрванди Амрико меҷанганд.
Муфтии аъзами Сурия дар мавриди ҷангиёни кироя аз Аврупо гуфтааст, 90 нафар аз Испания, 150 аз Босния, 200 аз Австрия, 60 нафар аз Дания, 86 нафар аз Малта, 40 шаҳрванд аз Финляндия, 110 нафар аз Олмон, 120 нафар аз Фаронса ва 80 нафар шаҳрванди Англия мебошанд. Инчунин ба иттилои манбаъ айни ҳол 200 шаҳрванди Чин низ барои ҷанг алайҳи ҳукумати Сурия дар Туркия тамрин доранд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Смирнов, муовини аввали раиси ФСБ-и Русия, гуфт, мушкили кирояи ҷангҷӯён дар тамоми кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Тоҷикистон ҷой дорад.
Кумитаи дини Тоҷикистон низ дар ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи соли равон гуфт, дар давоми солҳои ахир дар ҷангҳои Афғонистону Покистон ҳудуди 11 шаҳрванди Тоҷикистон ва сеи дигар дар Сурия ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи Мавлон Мухторов, муовини раиси ин ниҳод, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои бегонагон ба ҳалокат расидаанд, шояд аз ин ҳам зиёд бошад: “Ин 14 нафар танҳо онҳое мебошанд, ки ному насаб ва ҳуввияти миллиашон муайян карда шудааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |