“То замоне Зайд Саидов иҷоза надиҳад, ба мурофиа намеравем”
Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, мегӯянд, дар идомаи мурофиаи нафари таҳти ҳимояташон, ки бояд 28 октябр дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ ҷараён гирад, иштирок нахоҳанд кард.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили Зайд Саидов гуфт, “ин хоҳиши муваккили мост ва то замоне ки ӯ нагӯяд, дар мурофиа иштирок кунед, мо ба он ҷо нахоҳем рафт.”
Зайд Саидов рӯзи 23 октябр бо изҳори нобоварӣ ба мустақилӣ ва беғаразии Шавкат Абдулхайров -- додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи парвандааш эълон карда буд, дар мурофиаҳои баъдӣ иштирок нахоҳад кард. Ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки додгоҳ дархости Зайд Саидов ва се вакили ӯро дар бораи ташхиси генетикӣ дар парвандаи аввали “таҷовуз ба номус” ва тағйири додрас дар мурофиаи додгоҳияш рад кардааст. Онҳо дархост карда буданд, ташхиси генетикӣ бояд дар яке аз давлатҳои Аврупо гузаронда шавад ва харҷи онро тарафи Зайд Саидов пардохт хоҳад кард. Даъвате, ки додгоҳ онро напазируфт.
Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов 12 сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта, паси дарҳои баста ҷараён дошт. Мақомот оқои Саидовро, ки 19 май, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, боздошт шуда буд, дар қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, ришват, сирқати амволи давлатӣ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси ду ноболиғ муттаҳам медонанд. Гуруҳи тафтишотӣ мегӯяд, яке аз ин ноболиғон аз оқои Саидов фарзанд дорад ва ташхиси хунӣ ё ДНК-и он дар яке аз лабораторияҳои хусусии Русия гузаронда шудааст, ки ба нафъи раҳбари Тоҷикистони нав нест.
Аммо Зайд Саидов ва вакилони мудофеи ӯ ин ташхиси хуниро ғайриқонунӣ дониста буданд. Аз ҷумла Шӯҳрат Қудратов гуфта буд, “барои ташхиси ДНК бояд қарордод баста ва аз ҷониби Зайд Шерович имзо гардад. Дар санади ташхиси ДНК, ки дар додгоҳ ироа шуд, аз куҷое имзои Зайд Шерович пайдо гардидааст. Аз ин худи Зайд Шерович ҳам дар ҳайрат монд, чун ягон санадро барои ташхиси ДНК имзо накардааст. Ҳамаи мо аз ин ташхис бехабар будем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |