Бозпурсии Амонулло Ҳукумов барои садамаи писари ноболиғаш
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро вобаста ба садамаи шаби 9-уми октябр, ки бо иштироки писари 16-солааш Расули Амонулло сар задааст, мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.
Ин ниҳод бо пахши иттилоия таъкид мекунад, ки баробари худи Расули Амонулло ва падараш инчунин модари Расул низ мавриди бозпурсӣ қарор гирифт. Вазорати умури дохилӣ аз ифшои ҷузъиёти ин бозпурсиҳо худдорӣ карда, таъкид мекунад, садамаи шаби 9-уми октябр чун дигар садамаҳои нақлиётӣ мавриди таҳқиқот қарор гирифтааст: “Айни замон барои дақиқ муайян намудани ҳолатҳои ҳодисаи мазкур як қатор экспертизаҳо таъин карда шудаанд. Аз ҷумла, экспертизаи автотехникӣ-трассологӣ, суддӣ-тиббӣ, автотехникӣ ва наворшиносӣ, автотехникӣ ва аксшиносӣ, автотехникӣ таъин карда шуда аст, ки пас аз гирифтани хулосаҳо, мақомоти тафтишотӣ нисбат ба парвандаи ҷиноятӣ қарори қонунӣ қабул менамояд.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати умури дохилӣ эълон карда буд, ки “ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ (рақамаш 20-20 РТ 01) Расули Амонулло дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиёти тамғаи “ВАЗ-21014” (рақамаш 80-36 ВВ 01) таҳти идораи ронанда Аловуддин Саидов, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст.” Ҳарчанд, баъдан вазири умури дохилӣ гуфт, гунаҳкори аслии ин қазия маълум нест. Бо ин ҳол, дар пайи ин садама дар маркази шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 Аловуддин Саидови 22-сола, Сурайё Исмоиловаи 32-сола ва Уктам Мансурови 26-сола (писари Мансур Саидов, раиси чойхонаи "Роҳат") ҷон бохтаанд.
Мусофирони дигар Мадина Аҳмедова, Азиза Рӯзиева ва Шокир Маҳкамов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд. Тавре ба “Озодагон” аз беморхонаи Қаряи боло хабар доданд, айни ҳол Мадина Аҳмедова мураххас шуда, вазъи беморони дигар муътадил мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |